22:03, 06 Июни 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ-15.05.2020

Категория: Новости

kollegia 15.05.2020Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли равон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, дар он натиҷаҳои баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ дар соли 2019 ва ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, вобаста ба масъалаи якум сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатӣ-Юнусзода И.Ғ. маърӯза кард.

Аз љумла ќайд гардид, ки тартиби гузаронидани аттестатсияро Низомномаи тартиб ва шартњои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурї, ки бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 30 майи соли 2008, №468 тасдиќ шудааст, ба танзим медарорад ва роњбарии методї ва назорати рафти гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатиро Агентии хизмати давлатї њамчун маќоми ваколатдори соњаи хизмати давлатї амалї карда, њар семоња мониторинги баргузории аттестатсияњоро тањлил, баррасї ва љамъбаст менамояд.

Аз натиљаи тањлили љамъбастї маълум гардид, ки дар соли 2019 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатї дар 137 (маќомоти марказї-63 ва маќомоти мањаллї-74) љаласаи комиссияњои аттестатсионии маќомоти давлатї иштирок намуданд.

Мувофиќи рўйхат ва љадвалњои пешнињоднамудаи маќомоти давлатї аз 5519 нафар хизматчиёни давлатие, ки бояд ба аттестатсияи навбатї фаро гирифта мешуданд, 5076 нафар, аз он зан-687 нафар хизматчиёни давлатї ба аттестатсия љалб шуда, 443 нафар бо сабабњои узрнок (рухсатии мењнатї, сафари хизматї, беморї ва дигар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузорї) ба аттестатсия фаро гирифта нашуданд.

Тибќи хулосањои комиссияи аттестатсионї аз 5076 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 4313 нафар, аз он зан-568 нафар ба мансаби ишѓолнамуда мувофиќ бањогузорї карда шуданд. Аз ин њайат 76 нафар, аз он зан-19 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 113 нафар, аз он зан-31 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрњои роњбарикунандаи хизмати давлатї, 87 нафар, аз он зан-16 нафар барои пеш аз муњлат додани рутбаи тахассусии навбатї тавсия гирифтанд.

Дар як ваќт тибќи хулосањои комиссияњои аттестатсионї 763 нафар, аз он зан-119 нафар ба мансаби ишѓолнамуда номувофиќ бањогузорї карда шуданд. Аз ин њайат ба 191 нафар, аз он зан-62 нафар барои такмили ихтисос, ба 272 нафар, аз он зан-42 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан, ба 300 нафар, аз он зан-15 нафар аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.

Аз тањлил бармеояд, ки дар соли 2019 5076 нафар хизматчиёни давлатї ба аттестатсия љалб шуданд, ки ин 27,4 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатии фаъолияткунандаро ташкил медињад.

Аз рўи масъалаи дуюми рўзнома сардори шуъбаи њифзи иљтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатї-Рауфзода М.Ш. гузориш дода ќайд намуд, ки мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хизмати давлатӣ» дастурамали мансабї санадест, ки номгўи мансаби давлатї, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишѓолкунандагони мансаби мазкур, уњдадорињои мансабї, њуќуќ ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбинї мекунад.

Аз тарафи Агентии хизмати давлатї мониторинги фаъолияти маќомоти давлатї оид ба риояи ќонунгузории хизмати давлатї, аз љумла вобаста ба њолати тањия ва истифодаи дастурамалњои мансабї мавриди санљиш ќарор дода шуд.

Муайян карда шуд, ки дар баъзе маќомоти давлатї њангоми тањия ва тасдиќи дастурамалњои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии маќомоти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот талаботи Ќоидањои тањияи дастурамалњои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Љумњурии Тољикистон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 2011, №64 тасдиќ карда шудааст, риоя нашудааст.

Аз љумла, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезї ва сохторњои мањаллии он, Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа ва сохторњои мањаллии он, Хадамоти назорати давлатї дар соњаи бехатарии иншоотњои гидротехникї, дастгоњи раиси ВМКБ, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои Истаравшан, Панљакент, Хоруѓ, Норак, Левакант, Бобољон Ѓафуров, Деваштич, Ишкошим, Кушониён, Носири Хусрав, Мастчоњ, Мир Сайид Алии Њамадонї, Панљ, Рашт, Фархор, Шањристон, Шањритус, Шуѓнон, Темурмалик, Тољикобод, љамоати дењоти Чусти ноњияи Шањринав, раёсатњои молияи ноњияњои Шањринав ва Файзобод мушоњида мешаванд, ки дастурамалњои мансабии кормандон якдигарро такрор карда, бе гузаронидани тањлили функсионалї тартиб дода шуда, иљрои мушахасси вазифањоро дар бар намегиранд. Нисбати баъзе мансабњои давлатї дастурамалњои мансабї тањия ва тасдиќ карда нашудаанд.

Аъзои њайати мушовара мушкилот ва пешнињодњои дар маърўзањо ва муњокимањо изњоршударо баррасї ва барои бартараф намудани камбудињо дар самтњои дахлдор тавсияњои дахлдор омода намуданд.

Дар љамъбасти љаласаи њайати мушовара директори Агентии хизмати давлатї барои ислоњи камбудињо ва таъмини фаъолияти самарабахши воњидњои сохторї ва сохторњои мањаллии Агентии хизмати давлатї дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Ќарорњои ќабулшудаи љаласаи њайати мушовараи Агентии хизмати давлатї барои ба инобат гирифтан ба маќомоти иљроияи марказї ва мањаллии њокимияти давлатї ирсол карда мешаванд.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон