User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мудири бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумита – 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ  касбии ҳуқуқшиносӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Шуъбаро  ба танзим медароранд;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ 1444 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои

зерин талаб карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия дар бораи  даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ (эъломияи андоз);

 -нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо намудаанд).

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ (ИТС);

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Академик Раҷабовҳо 3,

индекс: 734025,  тел: (372) 27-85-79