22:27, 18 Апрели 2019
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатииназди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2018 чорабинии сиёсию маърифатиро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентии хизмати давлатӣ, Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва магистрантону донишҷӯёни Донишкада баргузор намуд. 
   Дар чорабинии мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Бибиосия, муовини ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Файзализода Ҷумахон Хол, инчунин омӯзгорон Абилова Гуландом, Валиев Ҷамшед ва магистранти Донишкадаи мазкур Њусейнов Муњаммадтолиб вобаста ба наќши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронї намуданд.
   Зимни суханронињо ќайд гардид, ки Парчами миллї чун рамзи истиќлолияту ватандорї, шараф, нангу номус ва муттањидї муќаддас буда, эњтироми Парчами давлатї ифодаи муњаббату садоќати њар як фард ба Ватан мањсуб мегардад.
   Парчами давлатї чун рамзи вањдату якдилї ва муќаддасоти миллї њар як шањрвандро даъват менамояд, ки њамеша барои њимояи манфиатњои давлату миллати хеш омода бошад.
   Дар анљоми чорабинї донишљўён дар васфи  Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон шеърњо ќироат намуданд.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 24 25
26 27 28 29 30    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2019 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон