05:33, 17 Феврали 2019
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун»

17 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали неругоҳи «Роғун»- чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оѓози кори агрегати якуми Нерўгоњи барќи обии «Роѓун» барои тамоми сокинони Тољикистони соњибистиќлол санаи фаромўшнашаванда ва рўзи таърихї мебошад.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба талошњову тадбирњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар даврони соњибистиќлолї барои мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум андешаронї карданд.

Таъкид гардид, ки баъди барќарор гардидани сулњу субот дар кишвар, бо вуљуди вазъи мушкили молиявию иќтисодии мамлакат, сохтмони нерўгоњи азиму њаётан муњим оѓоз гардид. Зеро бидуни сохтмони Роѓун талаботи мунтазам афзояндаи ањолї ва соњањои гуногуни иќтисодиёти кишварро бо барќ ќонеъ намудан ва рушди босуботи иќтисодиву иљтимоии мамлакатро таъмин кардан ѓайриимкон мебошад. Яъне нерўгоњи «Роѓун» омили муњимтарини рушду тараќќиёти минбаъдаи Тољикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба њисоб меравад.

Мањз бо маќсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањолии он њукумати кишвар тараќќиёти соњаи энергетикаи обиро самти муњимтарину афзалиятноки сиёсати иќтисодии худ ва расидан ба истиќлолияти энергетикиро яке аз њадафњои стратегии миллї эълон кард.

Таъкид гардид, ки афзоиши табиии шумораи ањолї, корхонањои истењсолї, яъне рушди иќтисоди миллї ва афзудани талабот ба нерўи барќ таќозо мекунад, ки њаљми истењсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад. Дар 27 соли соњибистиќлолї истеъмоли нерўи барќ аз љониби ањолї сеюним баробар зиёд гардида, ин раќам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрўз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерўи барќ ба ањолии кишвар рост меояд.

Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ташаккул додани маданияти сарфакорї дар байни ањолиро яке аз омилњои истифодаи оќилонаву пурсамари нерўи барќ маънидод карданд.

Президенти мамлакат «Роѓун»-ро манбаи нури њар як хонадон, гармии ќалби њар як фарди Ватан, сарчашмаи иќболу сарбаландии мардуми тољик, кафолати рушди босуботи Тољикистон ва нуфузу обрўи давлати соњибихтиёри тољикон номида, ба шањрвандони мамлакат, њамватанони бурунмарзї ба њамаи онњое, ки сањми ватандўстонаи хешро дар бунёди иншооти бузурги аср гузоштанд, миннатдорї баён намуданд.

Чорабинии имрўзаро ба муносибати оѓози фаъолияти аввалин агрегати Нерўгоњи барќи обии «Роѓун» барномаи бошукуњи консертї ва мушакпарронии бардавом идома дод.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2019 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон