05:34, 17 Феврали 2019
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»  ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Ҳамчунин барои иштирок дар ин рўйдоди таърихӣ намояндагони воломаќоми кишварњои гуногуни олам, аз љумла Федератсияи Россия, Љумњурињои Италия, Њиндустон, Покистон, Афѓонистон, Беларус, Украина, Ўзбекистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, дигар давлатњо ва ташкилоту созмонњои бонуфузи минтаќавию байналмилалї ба Тољикистон ташриф овардаанд.

Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикї дар сархати хабарњои воситањои ахбори оммаи байналмилалї ќарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми Неругоњи барќи обии «Роѓун» мустаќиман тавассути њамаи шабакањои давлатии телевизион ва радиои Тољикистон пахш гардид. Њамзамон ин чорабинии муњимро бештар аз 200 нафар рўзноманигорони дохил ва хориљи кишвар, агентињои иттилоотии бонуфузи байналмилалї аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон ва дигар давлатњо васеъ инъикос намуданд.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон нахуст дар мањалли сохтмони Неругоњи барќи обии Роѓун хатти баландшиддати интиќоли неруи барќи 500 кВ-и «Душанбе-Роѓун»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тољикро љомаи амал пўшониданд.

Хатти баландшиддати интиќоли неруи барќи 500 кВ-и «Душанбе- Роѓун» дар доираи лоињаи «Барќарорсозї ва сохтмони хати баландшиддати интиќоли неруи барќи 500 кВ дар ноњияњои тобеи љумњурї» амалї шуда, арзиши умумии тарњ 650 миллион сомонї мебошад. Лоињаи мазкур моњи сентябри соли 2017 оѓоз ёфта, анљоми татбиќи лоиња тибќи наќша моњи августи соли 2021 пешбинї шудааст.

Сипас Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба фаъолияти Дастгоњи таќсимкунандаи пўшидаи элегазии Неругоњи барќи обии Роѓун оѓози расмї бахшиданд.

Корњои васлгарии таљњизоти Дастгоњи маљмўии пўшидаи таќсимкунии элегазї «КРУЭ» њанўз моњи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи мањаллї бо сифати баланд ба анљом расонида шуда буд.

Дар ин иншооти болопўшида 19 адад дастгоњи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоњи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиќоли неруи барќ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барќи њавоии 500 кВ сурат мегирад. Њамчунин аз таљњизоти мазкур тавассути як хати дузанљираи 220 кВ то Зеристгоњи барќии шањри Роѓун неруи барќ интиќол дода хоњад шуд.

Фаъолияти ин маркази муќтадир дар њамкорї бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Мањз аз њамин толор тавассути дастгоњњои истењсоли ширкати бонуфузи љањонї неруи барќи дар НБО Роѓун истењсолшаванда ба хатњои баландшиддат интиќол дода мешавад.

Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакњои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори љараёнї, 30 модули дарозкунанда, 168 адад људокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад мањдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулњои мобайнии љараёнгузар насб гардидааст. Њамаи полюсњои 500 кВ бо металлоконструксияњои муњофизатїљињозонида шудаанд.

16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тољикистони соњибистиќлол рўйдоди муњиму таќдирсоз ба вуќўъ пайваста, ќадами устуворе барои расидан ба истиќлолияти комили энергетикї гузошта шуд.

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар вазъияти тантанавї агрегати якуми Неругоњи барќи обии «Роѓун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараќќиёти кишвар мусоидат хоњад кард, оѓоз бахшиданд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоњи барќи обии «Роѓун» коргарони неругоњ, фаъолону зиёиёни кишвар, љавонон, собиќадорони мењнат, намояндагони корпусњои дипломатии муќими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонњои бонуфузи љањон иштирок карданд.

Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барќи «Роѓун» ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиќол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тољикистон-НБО-и «Роѓун» ба хонадони тољикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тољик ин рўзро бесаброна интизор буданд.

Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар расми мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани аввалин агрегати неругоњ таъкид доштанд, ки «расидан ба ин рўзи некро тамоми сокинони Тољикистон солњо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан-мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рўзи таърихї шабонарўз зањмат кашиданд. Яъне имрўз рўзи равшаниву нур ва расидан ба ормонњои миллї мебошад».

Дар толори мошинњо Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати ин рўйдоди таърихї-мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани аввалин агрегати НБО «Роѓун»  дар китоби «Роѓун-Кохи нур» соядаст гузоштанд.

Даќиќияти кори аввалин агрегати Неругоњи барќи обии «Роѓун» , ки мавриди бањрабардорї ќарор гирифт, бо гузоштани танга муайян карда шуд ва њамин тавр кори нахустин агрегати неругоњ љавобгўи талабот арзёбї гардид.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бунёди сарбанди Неругоњи барќи обии «Роѓун» оѓоз гардида буд. Њамон рўз Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шаѓал маљрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоњи азим њусни оѓоз бахшиданд.

Неругоњи барќи обии «Роѓун», пуриќтидортарин иншоотњои силсилаи неругоњњои рўди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии њар кадом 600 мегаваттро ташкил медињад. НБО-и «Роѓун» бо иќтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоњи барќи обї дар минтаќа хоњад буд. Ин раќам нисбат ба иќтидори истењсолии Неругоњи барќи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.

«Роѓун»-ро Сарвари давлат њаёту мамоти мардуми Тољикистон номидаанд. Ба фаъолият оѓоз кардани неругоњ рўйдоди муњим дар таърихи давлатдории миллати тољик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо њарфњои заррин навишта хоњад шуд. Зеро барќи аз љињати экологї тозаи неругоњ эњтиёљи ба барќ доштаи Тољикистонро комилан конеъ карда, барои инкишофи иќтисодиёти кишвар такони љиддї мебахшад.

Имрўз агрегати якум ба фаъолият оѓоз кард. Соли минбаъда агрегатњои дигари неругоњ бо азму иродаи ќавии коргарони матинирода ба кор дароварда мешаванд. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо сиёсати дурандешона ва башардўстонаи худ барои мардуми кишвар њамеша ѓамхорї менамоянд.

Њар як ташрифи Сарвари давлат ба майдони сохтмони неругоњ руњияи коргарони ин кохи нурофаринро болида мекард ва бараъло мушоњида мегардид, ки онњо дастуру њидоятњои Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмонро оид ба устувору босифат анљом додани њар як амал сармашќи кори ќарор додаанд.

Дар сохтмони неругоњ бо њидоятњои созандаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон беш аз 25 њазор нафар сохтмончиёну муњандисон ва дигар кормандони техникї сањми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатњои дигари неругоњ идома дорад.

Бунёду барќарорсозии ин иншооти муњиму стратегї барои таъмини зиндагии сазовори наслњои имрўзу ояндаи Тољикистони азиз хизмат хоњад кард. Он барои рушди иќтисодиёт ва дар маљмўъ барои пешрафти тамоми соњањои хољагии халќи мамлакат заминаи мусоид фароњам меорад. Баъди пурра ба истифода додани неругоњ имкон аст, ки дар кишвар дањњо корхонањои хурду бузурги саноатї ифтитоњ ва њазорњо љойњои нави корї таъсис дода шаванд.

Дар даврони соњибистиќлолї ба хотири амалї сохтани наќшаву барномањои созандаи Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати расидан ба истиќлолияти энергетикї ва амалї кардани њадафњои неки Сарвари давлат бањри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тољик, бо дастуру њидоятњои Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон истифодаи оќилонаву сарфакоронаи захирањои гидроэнергетикї, сохтмону таљдиди неругоњњои хурду бузурги барќи обї оѓоз гардида, хатњои баландшиддати интиќоли неруи барќ ва зеристгоњњои барќї бунёд карда шуданд.

Оѓози корњои барќарорсозї ва бунёди Неругоњи барќи обии «Роѓун», таљдиду азнавсозии неругоњњои барќи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Ќайроќќум», мавриди истифода ќарор гирифтани неругоњњои барќи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», Помир-1, неругоњи барќи обии «Тољикистон» дар баландии 3500 метр аз сатњи бањр дар ноњияи дурдасти Мурѓоб, Маркази барќу гармидињии Душанбе-2, зеристгоњњои барќии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суѓд», хати интиќоли барќи 500 киловолтаи «Љануб-Шимол», Дастгоњњои таќсимкунандаи пўшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар неругоњи барќи обии Норак, зеристгоњњои барќии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнї», «Шањристон», «Шањринав», «Геран - 2», хатњои интиќоли барќи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тољикистон-Афѓонистон», «Хуљанд-Айнї», «Ќайроќќум-Суѓд», «Айнїўдакї» ва оѓози татбиќи воќеии лоињаи КАСА – 1000 аз љумлаи комёбињои бузурги Тољикистон дар роњи расидан ба истиќлолияти комили энергетикї мебошанд, ки тањти роњнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муњтарам Эмомалї Рањмон амалї карда шудаанд. Бо татбиќи лоињањои мазкур дар дањ соли охир иќтидорњои истењсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатњои интиќоли барќи баландшиддати 500, 220 ва 110 киловолта мавриди бањрабардорї ќарор дода шуданд.

Баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоњи барќи обии «Роѓун»  Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар мавзеи бунёди садди неругоњ, дар назди шумораи зиёди мардум, ки ба хотири иштирок дар маросими оѓози кори агрегати якум љамъ омада буданд, суханронї карданд.

Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон кулли шањрвандони кишвар ва њамватананони бурунмарзиро бо ин руйдоди муњим табрику тањният гуфтанд.

Сарвари давлат ба сохтмончиён, бунёдгарони ин кохи бошукўњи нур, ки дар майдони зањмати созанда, сањнаи нангу номуси миллї шуљоату матонат ва эњсоси гарми ватандўстї нишон доданд, аз номи тамоми мардуми тољик, аз номи худ ва Њукумати Тољикистон миннатдории самимї изњор намуданд.

Таъкид гардид, ки Њукумати мамлакат аз рўзњои аввали соњибистиќлолї ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имкониятњои мављударо барои бунёди неругоњњо сафарбар намуд. Роњбарияти давлату њукумат амиќан дарк мекарданд, ки «Роѓун»  омили муњимтарини пешрафти иќтисодиву иљтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тољикистони мањбубамон мебошад.

Корњои сохтмону васлкунї дар Неругоњи барќи обии «Роѓун» бо љалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориљї ва шумораи умумии зиёда аз 22 њазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онњо шањрвандони Тољикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмњо амалї гардида истодааст.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали неругоњи «Роѓун» ва истењсоли барќи аввал, ки њоло мо шоњиди ин рўйдоди таърихї гардидем, то имрўз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корњои зиёде анљом ёфтаанд. Аз љумла, бунёди хатти интиќоли барќи 500-киловолтаи «Душанбе – Роѓун» ва зеристгоњи барќии неругоњ сохта ва ба истифода дода шуд.

«Роѓун»  имрўз ва дар оянда низ мояи ифтихори њар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандўстиву ватанпарастї ва эњсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тољик хоњад буд.  

Дар охир Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон бори дигар нури аввал ва нахустшўълаи чароѓистони бузурги миллатро, ки ба њар хонадони кишвар расид, ба тамоми мардуми сарбаланди Тољикистони азизу соњибистиќлол самимона табрик гуфтанд.

Дар љамъомади тантанавї ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоњи барќи обии «Роѓун»  ноиби Президенти Бонки љањонї оид ба минтаќаи Аврупо ва Осиёи Марказї Сирил Мюллер ва Муовини вазири корњои хориљии  Љумњурии Италия Манлио ди Стефано суханронї карданд.

Метавон гуфт, ки бо ифтитоњи агрегати якуми НБО «Роѓун» ањолии кишвар дар тамоми фасли сол бо барќ таъмин шуда, фаъолияти корхонањои саноатию истењсолї дар шањру ноњияњои мамлакат боз њам густариш пайдо хоњад кард ва иќтидори истењсолии Тољикистони соњибистиќлол дар самти тавлиди мањсулоти раќобатпазиру ба содирот нигаронидашуда боз њам афзоиш пайдо мекунад.

Ба таъкиди коршиносони байналмилалї ибтикори Сарвари давлати Тољикистон дар бунёди НБО «Роѓун»  паёмади шуљоати фитрї, истеъдоди камназири кишвардорї, муњаббати бепоён ба халќу Ватан ва талошњои хастанопазир барои зиндагии бењтару шоистаи мардум мебошад, ки нафаќат истиќлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иќтисодиёти миллїљањишњо ва пешрафтњои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ѓояи њаётбахши умумимиллї вањдату иттињоди халќи Тољикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.

Дар воќеъ НБО «Роѓун»  манзилу дилњои мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рўдњои нурофари кишвар неругоњњои нави барќ бунёд мешаванд, захирањои азими энергетикї ва азму талоши созандагии халќ бо њидоятњои бузурги Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Тољикистонро беш аз ин шукуфонтар месозад ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тољик саодати зиёд мебинад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2019 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон