11:05, 22 Августи 2018
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Нақши хизматчии давлатӣ дар ҳифз ва гиромидошти фарҳанги миллӣ

Либос ва либоспўшӣ як ҷузъи фарҳанги ҳар як миллат буда, маърифати зебоипарастии инсонро муаррифӣ менамояд.
         Либоси миллии тоҷикон низ ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли асрҳо зебоиашро гум накардааст.
     Таи солҳои охир як идда бонувони тоҷик дар интихоби либос бештар ба либосҳои синтезшуда рағбат доштанд, ки ба асолати либоспушии тоҷикон бегона аст.
      Аз ин рў, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосњои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод карда шуд.
      Бо маќсади риояи талаботу меъёрњои либоспўшии расмї аз љониби хизматчиёни давлатї санаи 11 апрели соли 2018 барои кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, омўзгорон, донишљўён ва муњассилини магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон машѓулияти идоравї оид ба шарњу тавзењи «Дастурамали либосњои тавсиявї барои духтарон ва занон дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.
      Дар чорабинии мазкур муовинони директори Агентии хизмати давлатї, ректори Донишкадаи идоракунии давлатї ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон иштирок намуданд.      
     Олимї Марњабо Ғаффор-муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила зимни маърўзаи худ ќайд намуд, ки тољикон яке аз миллатњои ќадимтарин ба шумор рафта, тамаддуни пурѓановати ин миллат дар забону адабиёт, љашну маросимњо, суруду мусиќї, ёдгорињои таърихї, фарњанги ѓайримоддї ва њатто тарзи пўшидани сарулибос таљассум ёфтааст.
      Имрўз зан-модари тољик дар рушди кулли соњањои хољагии халќи кишвар пешоњангу парчамбардор мебошад.
     Иштироки васеи бонувон дар њаёти љомеа пайваста дар маркази тављљуњи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дошта, дар партави ин сиёсати созанда бонувон- хизматчиёни давлатиро мебояд, ки љињати њифзу њимоя ва тарѓиби фарњанги миллї дар љомеа намуна бошанд.
    Њамзамон мавсуф масъалањоро вобаста ба риояи меъёрњои либоспўшии расмї аз љониби хизматчиёни давлатї ва аъзои оилаи онњо, аз љумла занону духтарон ва роњ надодан ба тарѓиби либоси ба фарњанги миллии тољикон бегона шарњу тавзењ дод. 
    Дар интињои чорабинї иштирокчиён вобаста ба интихоби либос, наќши занон-хизматчиёни давлатї дар тарѓиби либоси миллї ва «Дастурамали либосњои тавсиявї барои духтарон ва занон дар Љумњурии Тољикистон» пешнињодњои судманд баён намуданд.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон