User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сардори шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат – 1 ҷой,

              Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии инжинер, муҳандис ё ҳуқуқшиносӣ, ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2220 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират –

1 ҷой,

            Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳукуқшиносӣ, ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

      Маоши мансабӣ 1660 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз  рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси Раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон– 1 ҷой,

              Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиноси ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ          мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 962 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт–1 ҷой,

        Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 солсобиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 970сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4);      

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- дафтарчаи меҳнатӣ;

- шиноснома;

- шаҳодатномаи ҳарбӣ;

- РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- рақами РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ);

- маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- эъломия дар бораи вазъи молу мулкӣ ва маълумотнома (объективка).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ то 5 декабри соли 2022 қабул карда мешаванд.

      Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 71, индекс: 7350352,

      Телефон барои тамос: 231-47-71. 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.