User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мудири бахшиҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ– 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ ихтисоси ҳуқуқшиносӣ.

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

         Маоши мансабӣ 1444 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус – 1ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ ихтисос дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ ё кадршинос, ҳуқуқшинос, омўзгор, психолог, сотсиолог, дигар мутахассисони соҳаи гуманитарӣ.

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

         Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣҳуҷҷатҳои

зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи гувоҳинома аз мақомоти андоз (РМА);

- маълумотнома аз ҷои зист;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шотта Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ ба воситаи телефони 227-66-21 ё сомонаи  www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.

 

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷчатҳо 21 рўз пас аз нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма (то соати 17.00) муқаррар мешавад. 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.