ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 8 октябри соли 2021 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум, инчунин вазъи коргузорӣ ва таъмини иҷрои маводҳои назоратӣ дар Агентии хизмати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., ва аз рӯйи
масъалаи дуюм мудири бахши кадрҳо ва коргузории Агентии хизмати давлатӣ Файзализод А. Ф. гузориш доданд.
Қосимзода Г.Ҷ. оид ба таҳлили ҳайати миқдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ, рафти татбиқи дастурҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории машғулиятҳои идоравӣ, фарогирии хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ гузориши муфассал манзур намуд.
Қайд гардид, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2021 маълумотҳои оморӣ дар бораи ҳайати миқдорӣ ва сифатии хизматчиёни давлатӣ аз мақомоти давлатӣ дархост, таҳлил ва ҷамъбаст карда шуда, мавриди корбарӣ қарор дода шуданд. Муайян карда шуд, ки дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21613 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 19919 нафар (87,5 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 2694 адад (12,4 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 12057 нафар (занон 2940 нафар ё 24,3 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3679 нафар (занон 993 нафар ё 27,0 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3183 нафар (занон 638 нафар ё 20,0 фоиз) фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4571 нафар ё 24,1 фоизро ташкил дода, аз 5946 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1156 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 206 нафар ва теъдоди занони роҳбар 68 нафар афзоиш ёфтааст.
Теъдоди ҷавонони то 35–сола 9124 нафар (48,2 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 819 нафар ё 3,7 фоиз афзоиш дода шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35–сола 1765 нафар (29,3 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 362 нафар зиёд шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2021 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 ба тасвиб расидааст, масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 319 (соли 2020-298) ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин давра барои ишғоли 3409 (соли 2020-3019) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 2756 (соли 2020-2649) мансаби холӣ бо иштироки 5789 нафар, аз он зан-1031 (соли 2020-4874, зан-942) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 2502 нафар, аз он зан-601 (соли 2020-1795, зан-428) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Ба 653 (соли 2020-370) мансаби дигар ҳуҷҷат пешниҳод нашудааст. Ба ҳар як мансаб бо назардошти мансабҳои ҳуҷҷат насупорида 1,7 (соли 2020-1,6) нафарӣ довталаб рост меояд.
Аз 2502 нафари ба мансабҳо таъингардида 1846 (зан-336) нафар ҷавонони то 35 - сола мебошанд.
Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ омада 415 (зан-123) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35-сола 108 (зан-27) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.
Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 29 курси таълимӣ, аз ҷумла 4 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 23 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур, шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Бохтар, Турсунзода, Ховалинг ва Дарвоз доир карда шуда, ба онҳо 1443, аз он зан-392 (соли 2020-1119, аз он зан-376) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд .
Дар Агентии хизмати давлатӣ коргузорӣ ва назорат тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ монда шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2021 ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 4193 (дар соли 2020-3997) мавод, аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 467, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 3380 мавод ва 346 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шуда, аз дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 2321 (2020-2044) мавод содир шудааст.
Дар ин давра 310 мавод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавод ба назорат гирифта шудааст.
Аз он 249 мавод мувофиқи муҳлат иҷро ва аз назорат хориҷ гардида, 61 мавод бо доштани муҳлат дар баррасии Агентии хизмати давлатӣқарор доранд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувон ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда, мунтазам ворид кардани маълумоти хизматчиёни давлатӣ ба Феҳристи хизматчиёни давлатӣ, гузаштан ба низоми электронии идоракунии захираҳои инсонӣ ва таъмини истифодаи самараноки захираи кадрҳо дар хизмати давлатӣ, иҷрои маводҳои назоратӣ, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои Агентии хизмати давлатӣ, супоришҳои протоколии ҷаласаҳои машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул ва барои иҷро ба масъулин дастрас карда шуданд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх