User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ санаи 8 октябри соли 2021 мулоқоти директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. бо роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Георг Майер баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки Агентии хизмати давлатӣ бо Бунёди мазкур ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, аз соли 2009 дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил намудааст.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел давоми солҳои 2010-2020 магистратураи мазкурро 744 (зан-210) нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд.

Аз теъдоди 744 нафар 368 (зан-104) нафар ё 49,4 фоизи хатмкардагони магистратура ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.

Дар соли 2021 боз 77 (зан-24) нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба магистратура қабул гардида, айни замон таҳсил доранд.

Инчунин дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди мазкур соли 2020 барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи дусола (таҳсил дар баробари фаъолияти корӣ) бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, дар он 51 (зан-9) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 2021 ба магистратураи дусола боз 64 (зан-13) нафар хизматчиёни давлатӣ аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ қабул карда шуданд.

Ҳамзамон бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз њисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди то 40-сола-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуда, 130 нафар бонувон-хизматчиёни давлатӣ ба курси мазкур фаро гирифта шуданд.

Инчунин зимни мулоқотмасъалаҳоиҳамкориҳоиминбаъдаиАгентии хизмати давлатӣ бо Бунёди мазкур, дар самти баргузории курсҳои омӯзишӣмавридибаррасӣқарордодашуда, омодагии тарафҳо ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт изҳор карда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот директори Агентии хизмати давлатӣ ба роҳбариБунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ барои ҳамкориҳои самарабахш дар самти такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва мусоидат дар рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.