User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 дар Агентии хизмати давлатӣ китобхонаи идоравӣ таъсис дода шуда, дар он маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои соҳаи хизмати давлатӣ, адабиёти илмӣ ва бадеӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Илова бар ин китобҳои дар охири соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 ба Агентии хизмати давлатӣ туҳфанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон-Пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия», «Роҳи абрешим: Тоҷикистон ва Чин», «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун», «Тоҷикистон-25 сол» ба фонди китобхона супорида шуда, барои мутолиаи кормандон ва хоҳишмандон дастрас мебошанд.  

Ҳамзамон дар ин давра нависандаи халқии Тоҷикистон Абулҳамид Самад, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин кормандони Агентии хизмати давлатӣ китобҳои пурарзиши илмӣ ва бадеиро ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ тақдим намуданд.

Ба ғайр аз ин бо мақсади зиёд гардонидани фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» китобҳои «Авесто», «Мероси хаттии бостон» ҷилҳои 1 ва 2, «Шоҳнома»-и Саолибӣ», «Ҳудуд-ул-олам», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Бохтар», ҷилдҳои 1 ва 2, «Мероси хаттии бостон» ҷилди 2, «Аҷоибнома», «Динкард», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Забони давлатӣ ва истиқлол», «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» ҷилдҳои 1 ва 2 харидорӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар соли равон аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Р.Ҳ. (доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китобҳои дарсӣ, рисолаҳо, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ, тафсир ба қонунҳо) ба Агентии хизмати давлатӣ «Маҷмӯи Осор», иборат аз 30 ҷилд, ки муалифи онҳо худи вазири корҳои дохилӣ мебошад, туҳфа гардид.

Китобҳои тақдимгардида ба қайд гирифта шуда, ба фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ ворид карда шуданд.

Кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва дигар хоҳишмандон метавонанд аз ин махзани китобҳои мазкур истифода намоянд.