User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади мукаммал намудани сатҳи донишҳои амалии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар асоси сархати якуми протоколи ҷаласаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2021, №1 дар доираи иҷрои банди 6 Нақшаи чорабиниҳои асосии Агентии хизмати давлатӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021санаи 22 июни соли 2021 дар саҳни бинои Агентии хизмати давлатӣ машқҳои амалӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои оташхомӯшкунӣ ва истифодаи таҷњизотҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвӣ бо

иштироки кормандон гузаронида шуд.

Машғулиятро Қосимзода Г.Ҷ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оғоз намуда, таъкид намуд, ки бо фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ Комиссияи идоравӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳайати сохторҳои идоракунии мудофиаи гражданӣ фаъолият намуда, яке аз вазифаҳои Комиссияи мазкур огоҳониданӣ кормандон ба ҳисоб меравад.

Сипас, мудири бахши молия ва муҳосибии Агентии хизмати давлатӣҒоибов О.Г. ҷиҳати дуруст истифода намудани ниқобҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвӣ дар ҳолатҳои фавқулода, тарз ва усулҳои истифодабарии ниқобҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвиро ба тариқи амалӣ ба кормандони Агентии хизмати давлатӣ фаҳмонида, дар рафти кори амалӣ кормандон аз ниқобњои зикршуда истифода намуданд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷотҳои Агентии хизмати давлатӣ барои ҳар як корманди Агентии хизмати давлатӣ ниқобҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвӣ харидорӣ шуда, дар ҳолати зарурӣ истифода карда мешаванд.

Дар рафти машқи амалӣ мудири хоҷагии Агентии хизмати давлатӣ Муродҷонов С. баҳри риояи қоидаҳои оташхомӯшкунӣ, инчунин тарзи истифодаи оташхомӯшкунаки дастӣ њангоми сӯхтор ва навъҳои оташхомӯшкунаки дастӣ ба кормандони Агентии хизмати давлатӣ маълумот доданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки оташхомӯшкунаки дастӣ аз намудҳои маҳлулҳои кимиёвӣ таркиб ёфта, истифодаи он дар ҳама маврид қулай мебошад. Мувофиқи қонунгузории соҳаи мудофиаи гражданӣ тамоми биноҳои давлатӣ, нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ бояд бо оташхомӯшкунаки дастӣ таъмин бошанд.

Дар ҷамъбасти машқҳои амалӣҚосимзода Г.Ҷ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории Сovid-19 дар кишвар кормандони Агентии хизмати давлатиро бо истифода аз маълумоти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус Сovid-19 гузориш дода, барои таъмини риояи қатъии қоидаҳои бењдоштию санитарӣ таъкид намуд.