User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

18 феврал Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии омор соати 08:30 дар Агентии мазкур доир мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотиро соати 10:00 дар толори Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук соати 10:00 дар Хадамоти мазкур доир мегардад.

Кумитаи андоз нишастро соати 11:00 дар Раёсати андози андозсупорандагони калон баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 13:30 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ нишасти Агентии хизмати давлатӣ соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар»-www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Сарчашма: khovar.tj