11:16, 22 Майи 2018
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Муроҷиатномаи кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ

Мо - кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ҳамлаи гурӯҳи ҷинояткоронро ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун кирдори нољавонмардона ва амали террористӣ маҳкум менамоем.
    Шикасти хоинони Ватан бори дигар собит сохт, ки имрӯз вањдату якдилии мардуми шарифи Тољикистонро, ки тањти сарварии Президенти мањбуби худ, Љаноби Олї Эмомалӣ Раҳмон дар роњи созандагию бунёдкорї ќадамњои устувор мегузоранд, њељ як нохалафе наметавонад халалдор созад.
   Имрўз  иқтидору тавоноии Давлати љавони Тољикистон, матонати сарбозони шуљои Ватан ва муњаббату ихлоси мардуми шарафманди Тољикистон ба муќаддасоти миллї кофист, ки њар як љиноятпеша саркўб шавад ва њар як фитнаи ангехтаи душманони миллат ба боди фано равад.
   Мањкум гардидани кирдори хоинони миллат аз љониби љомеа худ гувоњи он аст, ки њар як тољику тољикистонии худогоњ сулњу субот ва якпорчагии кишварро, ки бо талошњои љавонмардонаи Президенти мањбубамон  ба даст омадааст, њомї аст.
   Њар як фарди бедордили Тољикистон ба ободкорию созандагињои азиме, ки дар даврони Истиќлолият дар заминаи сиёсати волои Сарвари давлат ва мењнати содиќонаю софдилонаи мардуми сарбаланди ин сарзамин ба  њосил омад, бањои муносиб медињад.
    Дар баробари ин, воќеањои рухдода моро водор месозад, ки бедорї ва зиракии сиёсии худро боз њам таќвият бахшем.
   Сарвари давлат дар яке аз суханронињои худ изњор дошта буданд, ки Истиќлолият, Ватан, миллат, вањдати миллї ва оромиву осудагии љомеа муќаддастарин арзишњое мебошанд, ки ягон њизб, гурўњ ё шахсе њаќќи халалдор кардани онњоро надорад. Хизматчиёни давлатї бояд дар роњи њифзи ин муќаддасоти миллї сипари сафи пеш бошанд.
   Халќи тамаддунофари тољик ва њар як тољикистонї бояд пайваста аз њусни муошират, одобу эњтироми њар як хизматчии давлатї бархурдор бошад.
  Кору пайкор, фаъолияти њамарўзаи мо - хизматчиёни давлатї, ки ба њайси нерўи бузургу пешбаранда ва тањкимбахши давлату давлатдорї дар татбиќи њадафњои давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон масъулияти асосиро ба зимма дорем, бояд барои њар як шањрванди Тољикистон намунаи олии мењанпарастї, созандагї ва фидокорию садоќат ба Ватан бошад.
  Риояи Кодекси одоби хизматчии давлатї ва дигар аркони ќонунгузорї, пайравї аз сиёсати созандаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон ва тарѓиби мунтазами он бояд ба сарчашмаи фаъолияти њамарўзаи хизматчиёни давлатї табдил  ёбад.
   Бинобар ин, мо - хизматчиёни давлатї  татбиќи њамкории созанда бо љомеаро асоси кори худ шуморида, дар шароити пуртазоду вазъи таѓйирёбандаи љањони муосир ва хавфи њуљумњои иттилоотї мекўшем пуле миёни давлат ва љомеа бошем, робитаи худро бо ањолї боз њам таќвият бахшем, набзи замон ва љомеаро сари ваќт эњсос намоем ва барои њифзи истиќлолияту якпорчагии ин сарзамин, тањкими вањдату якдилї аз ин бештар пешкору таъсиргузор бошем.
  Њамзамон дар марњилаи имрўзаи такомули давлати соњибистиќлоламон мо ба њайси тарѓибгарони асосии сиёсати Давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон барои њимояи манфиатњои миллию давлатї аз таъсири манфии равандњои љањонишавї, тарбияи эњсоси ифтихор аз ватану ватандорї, фарњангу тамаддун ва арзишњои миллї, нигоњдории асолати миллї, пешгирии таќлиди фарњанг ва сару либоси бегона, инчунин љалби афроди ноогоњ ба гурўњњои ифротгарову  террористї бояд аз ин бештар њисса гузорем.

Хизмати давлатї ин хизмат ба Ватан ва Миллат аст.

       Аз ин рў, мо- хизматчиёни давлатї дар партави сиёсати созандаи Президенти кишвар бањри њифзи истиќлолияти давлатї, якпорчагии ин сарзамин, њимояи манфиатњои миллату давлат, пешрафту шукуфоии Ватании азиз ва рўзгори осудаю зиндагии шоистаи њар як хонаводаи Тољикистон бо дасту дилу нияти пок хизмати содиќона мекунем, то наќшањои њар нохалафе, ки оромию осоиштагии ин кишвари бињиштосоро халалдор сохтанист, барбод равад.

                                    

  Агентии хизмати давлатии назди Президенти
           Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,
            23 октябри соли 2015

 

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 24 25
26 27 28 29 30 31  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон