User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумита – 1 ҷой,

Талабот ба довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешавад:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

-  2 адад акси 4х6;

- нусхаи диплом;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

- нусхаи шиноснома;

- шарҳи ҳол;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома (справка-объективка);

-маълумотномаи доғи судӣ.

Донистани якчанд забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба инобат гирифта мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи чопи эълон оғоз гардида, рўзи охирини қабул баъд аз 21  рўзи чопи эълон мебошад.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Академикҳо, Раҷабовҳо, 3 ( 3772 –  227-24-38 e-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.