User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 883,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883,20 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

  1. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Шугнов – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун  ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли замимаи 1;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 036 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи ҷойи зист ва оиладорӣ;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд).

-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ

               

                   Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- барои мансаби мутахассис таҳсилоти миёнаи касбӣ.

         -  малакаи кор бо компютер.       

 

                       Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Ховалинг, кўчаи И.Сомонӣ 1, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефон:  8331720126, 8331720124

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияи расмӣ ва сомонаи Агентии  хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

        Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Ховалинг     

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.