User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1246 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1242 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, кор карда тавонистан бо компютер.

-Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ;

-Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;

-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, кор карда тавонистан бо компютер.

 

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
  • маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  • дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023,  шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10, тел: 221-47-87.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.