User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2022

аз 31 январ то 19 феврали соли равон аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси азнавтайёркунӣ ташкил гардида, ба он 100 нафар хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки солҳои 2020-2021 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, фаро гирифта шуданд.

Дар ифтитоҳи расмии курси азнавтайёркунӣ муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ва ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода Исмоил Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуданд. Мувофиқи барномаи таълимӣ шунавандагони курси мазкур дар рафти машғулиятҳо вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, идоракунии давлатӣ дар замони муосир, тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, усулҳои муқовимат ба коррупсия, терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои мубрам маълумот гирифтанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ бо мақсади тарбияи кадрҳои ҷавон мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида шуда, теъдоди ҷавонон низ сол аз сол меафзояд. Мувофиқи маълумоти омори соҳаи хизмати давлатӣ то 1 январи соли 2022 ҷавонони то 35-сола дар маҷмӯъ 48,8 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиханд. Дар вазифахои рохбарикунанда бошад, хиссаи ҷавонон 27,9 фоиз аст.

 

 

 

                                                                  Агентии хизмати давлатии назди

                                                                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон