User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисосу соҳибкасб дар хизмати давлатӣ, пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрии хизматчиёни давлатӣ, баландравии мансабии ҷавонон

дар идоракунии давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратураи яксолаи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуда, 45 нафар хизматчиёни давлатӣ бо супоридани имтиҳони қабул ба он шомил гардиданд.

Магистратураи мазкур 1 феврали соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоњи магистратура ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигора  иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Тахсил дар магистратураи мазкур  бо се забон – забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, давоми як сол донишу малакаҳои мудирият ва забондонии шунавандагон такмил дода мешавад.

 

 

                                                                             Агентии хизмати давлатии назди

                                                                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон