User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 декабри соли 2021 машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021-роҳнамоӣ хизматчиёни давлатӣ» доир намуд.

Машғулиятро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. оғоз карда, қайд намуданд, ки санаи 21 декабри соли ҷорӣ Паёми навбатии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид.

Сарвари давлат дар Паёми хеш марҳалаи сахту вазнини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, оқибати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аҳамияти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тариқи раъйпурсии умумихалқи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор гардидани аркони давлатдорӣ, шурӯъ намудан ба ислоҳоти конститутсионӣ, барқароргардонии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди босуботи онҳо дар 30-соли соҳибистиқлолӣ, муайян гардидани ҳадафҳои стратегӣ, ҷорӣ гардидани як қатор имтиёзҳо барои соҳибкорон, ҳамзамон қабули стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ ва паҳлӯҳои сиёсати хориҷии кишварро мавриди таҳлилу муҳокимаронӣ қарор дода, ба масъулон барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Бо мақсади таъмини ҳадафи чоруми кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуда, ба масъулон дастур доданд, ки ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, дар рафти машғулияти идоравӣ сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Сайфиддинова Р.Р дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омили рушди босуботи кишвар» ва сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ Рауфзода М.Ш. дар мавзӯи «Тақвияти иштироки занон ва ҷавонон дар хизмати давлатӣ дар партави ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021» маърӯза намуданд.

         Агентии хизмати давлатии назди
         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон