ҲАМАИ ХАБАРҲО
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд.
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори “Кангурт Гранд Ҳотел”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат пойтахти кишвар шукуфон ва садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад.
19 апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 19-20 майи 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои боз анъанавии дӯстӣ, ҳусни тафоҳум баргузор гардид, сарони давлатҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, дурнамои тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳоро баррасӣ карданд, инчунин перомуни масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар тӯли се даҳсолаи ахир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон-Елбаси Нурсултон Назарбоев ба рушду таҳкими муносибатҳои бародарона ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми бориз мегузоранд.
Ҷонибҳо рафти татбиқи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 15 марти соли 2018 ҳосил шудаанд, мусбат арзёбӣ намуда, бар аҳаммияти нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 19-20 майи соли 2021, ки ба густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшид, таъкид карданд.
Сарони давлатҳо бо изҳори пойбандии доимӣ ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар аҳдномаҳои асосҳои муносибат ва шарикии роҳбурдии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сабт гардидаанд, ба мақсади ғанисозии бештари муколамаи байнидавлатӣ бар асоси эҳтиром ва дастгирии мутақобил, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни ду халқи бародар, бо шарҳи зер изҳор менамоянд:
Бо дарки амиқи масъулияти баланд баҳри ҳифзи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини рушди пойдор ва шукуфоӣ дар тамоми минтақа азми қатъии худро барои минбаъд низ ҳаматарафа густариш додани муносибатҳои шарикии роҳбурдӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таъйид намуданд.
Бо таъкид ба аҳаммияти муколамаи фаъоли сиёсӣҷиҳати рушди рӯзафзуни муносибатҳои дарозмуддат байни ду кишвар, ҷонибдори тавсеаи бештари робитаҳои боэътимод ва созанда дар сатҳҳои олӣ, баланд ва ғайра мебошанд.
Дар шароити ҳамагирии COVID-19 зарурати идомаи расонидани мусоидат ба ҳамдигарро барои рафъи оқибатҳои манфии он таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барои расонидани ёрии башардӯстона дар соли 2020 изҳори сипос намуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки яке аз омилҳои калидии пешбурди равобити Тоҷикистону Қазоқистон мебошанд, қайд карданд. Сарони давлатҳо ба ҳукуматҳои худ дастур доданд, ки равишҳои навро ба мақсади афзудани номгӯйи молҳо ва ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар панҷ соли оянда то ба 2 млрд. доллари ИМА таҳия намоянд.
Ба натиҷаҳои ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми сармоягузорӣ, ки моҳи марти соли 2021 дар Душанбе баргузор гардида буданд, баҳои мусбат доданд.
Натиҷаҳои ҷаласаи 3-юми Гурӯҳи кории муштарак роҷеъ ба афзоиш додани гардиши мол ва номгӯйи молҳои табодулшаванда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳияи Харитаи роҳ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба дар солҳои 2022-2023 истиқбол намуданд.
Ҷонибҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба тавофуқ расида, омодагии худро ба баррасии имконияти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноат, роҳи оҳан ва дигар навъи нақлиёт, зерсохтор, логистика ва дигар соҳаҳо таъйид карданд. Дар ин робита, аз имзо шудани Ёддошти тафоҳуми чорчӯбавии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат истиқбол намуданд
Бо дарназардошти таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳор доштанд, ки иқдомҳои заруриро ҷиҳати афзоиши табодули маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар қаламрави ду кишвар анҷом диҳанд.
Ба дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар соҳаи рақамикунонӣ таъкид карданд. Тавофуқ карданд, ки тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳа ба ташаккули зинаҳои нави рушд ва афзоиши ҷаззобияти сармоягузории иқтисоди ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Бо дарки аҳаммияти ҳифзу нигаҳдории мероси муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ изҳор намуданд, ки ҷонибдори густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ тавассути баргузор намудани рӯзҳои фарҳанг, намоишгоҳҳо, ҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳо дар кишварҳои якдигар мебошанд.
Аҳаммияти дастгирии минбаъда ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои намояндагони диаспораҳои тоҷику қазоқ, ки дар наздик кардани мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳми арзанда мегузоранд, таъкид намуданд.
Зарурати идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро таъйид намуданд.
Таваҷҷуҳи муштарак ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногунро изҳор намуданд. Ба мувофиқат расиданд, ки шумораи саҳмияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷик ва қазоқ дар донишгоҳҳои ду кишвар ду баробар зиёд гардад.
Ба ҷонибдории густариши баъдии робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла таъсиси шаклҳои нави ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори назар намуданд.
Аҳаммияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки ба ҳифзи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобила дар минтақа мусоидат менамояд, таъкид карданд.
Ба мақсади додани такони тоза ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини суботу амнияти минтақавӣ, омодагиро ҷиҳати бо кӯшишҳои муштарак суръат бахшидани имзои Шартномаи панҷҷониба дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа дар қарни XXI иброз намуданд.
Бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2021 аҳаммияти махсус доштани андешидани тадбирҳоро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини амният, пешрафти раванди сулҳ дар он кишвар ва бозсозии иҷтимоию иқтисодии он таъкид намуданд. Ба натиҷаҳои ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузоргардида, инчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи 13-14 июли 2021 баргузор намудани ҷаласаи навбатии Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” дар сатҳи роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баҳои баланд доданд.
Нақши махсуси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА)-ро, ки созмони беназир ва абзори муҳим барои ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии об ва экологии ҳавзаи баҳри Арал мебошад, таъкид карданд. Ҷонибдории худро аз тақвияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо, фондҳои экологӣ баҳри амалӣ намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас изҳор намуданд.
Президенти Қазоқистон омодагиро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби раёсати кунунии Тоҷикистон дар ББНА иброз дошт.
Тағйирнопазир будани мавқеи ҷонибҳоро роҷеъ ба дастгирии мутақобили ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонии тарафайн дар ҷаҳорчӯби СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба таъкид намуданд.
Роҳбари Қазоқистон ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар солҳои 2020-2021, инчунин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дод. Ӯ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри 2020 қабул шудани қатъномаро зери унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», истиқбол намуда, ташаббуси Президенти Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бораи таъсиси Агентии байналмилалӣ оид ба амнияти биологӣ, ки тобеи Шӯрои Амнияти СММ буда, зимни иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардида буд, дастгирӣ намуд
Роҳбари Тоҷикистон авлавиятҳои муқаррарнамудаи раёсати Қазоқистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭО) дар солҳои 2020-2022-ро тарафдорӣ намуда, изҳор дошт, ки дар рушди иқтидори МҲТЭО саҳм ҳоҳад гузошт.
Роҳбарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои он ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба мутобиқи манфиатҳои аслии ҳар ду халқи бародар мусоидат хоҳанд кард.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватро бо изҳори миннатдорӣ пазируфт. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣҳамоҳанг хоҳад шуд.
Президенти Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қазоқистон
Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаев
Сарчашма:khovar.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх