ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
23 апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд.
23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
- 3 сол собиқа дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ2746 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;
Маоши мансабӣ1380 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олии касбӣ, робитаҳои байналмилалӣ (ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, рузноманигори байналмилалӣ, шарқшиносӣ;
Маоши мансабӣ1380 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олии омузгорӣ, филологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;
Маоши мансабӣ1124 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ аз ҷумла, рўзноманигорӣ, рузноманигори байналмилалӣ, филологӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;
- донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
- собиқа ва таҷрибаи корӣ дар соҳа афзалият дода мешавад;
Маоши мансабӣ мувофиқи басти вазифаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оиди доғи судӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 марти соли 2021қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Алишер Навоӣ 5/2,
индекс: 7340262, (992 37) 236-25-75.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх