User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – 1ҷой,

Талаботи тахассусӣ

Барои мансаби сармутахассиси раёсат талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбии педагогӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё  3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дар соҳа;

- донистани  таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ1249сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассиси пешбари раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – 1ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

Барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати  маорифи шаҳри Душанбе талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбии педагогӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахасиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла  маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- маҳорати хуби корӣ бо барномаҳои компютерӣ дар самти пешбурди фаъолияти корӣ.

Маоши мансабӣ1021сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Мутахассисипешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, таҳияю иҷрои буҷет ва таъминоти моддӣ-техникии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – 1ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

Барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, таҳияю иҷрои буҷет, таъминоти моддӣ – техникӣ ва омори Сарраёсати  маорифи шаҳри Душанбе талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбии  иқтисодӣ;

- донистани  таърих, фарҳанг,  муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии омор, тарификатсия ва кор бо тобеон;

- маҳорати хуби корӣ бо барномаҳои компютерӣ дар самти пешбурди фаъолияти корӣ.

Маоши мансабӣ1021сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо  шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун, аз ҷониби шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Суроға: шаҳри Душанбе, «Хиёбони  Рўдакӣ 18 » ва тел:  227-46-65, 934-11-14- 93

 

Сомонаи Сарраёсати маорифи шаҳри Дуашнбе -www.dushanbemaorif.tj, E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.