User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

         1. Мутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши  мансабӣ – 724 сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии

шаҳрак ва деҳоти ноҳия

2. Сармутахассис (сармуҳосиб)- и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.

3. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) -и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.

4. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Панҷрўди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.

5. Сармутахассис (сармуҳосиб) - и Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши       мансабӣ – 841 сомонӣ.

7. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841   сомонӣ.  

8. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841   сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ– 1 ҷой, маоши       мансабӣ – 841 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841 сомонӣ.

11. Мутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 690 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

        - ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

        - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи   4х6);

        - тарҷумаи ҳол;

        - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

        - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи     меҳнатӣ надорад);

         - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

         - нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

         - маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

         - нусхаи шиноснома;

        -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ

       барои ишғоли мансаби  сармутахассис

        - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури  маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

        - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

        - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ   мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

        - малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

    барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби  мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

–  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

           барои ишғоли мансаби  мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад.

–  малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳраки Москва, кўчаи Исмоили Сомонӣ - 18, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

          Телефон барои тамос:(8-33-15) 2 - 22 - 56

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия дар муҳлати 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар дар нашрияҳои расмӣқабул карда мешаванд.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.