16:15, 28 Январи 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Категория: Основная

Дастгоҳи раис:

1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,0 сомонӣ

Сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

2. Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,0 сомонӣ.

3. Мутахассиси раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,0 сомонӣ.

4. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,0 сомонӣ.

Сохтори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

5. Сармутахассис-муҳандиси заминсози ҷамоати деҳоти Фрунзе – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,0 сомонӣ.

6. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳоти Ҳалевард – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,0 сомонӣ.

7. Сармутахассис-муҳандиси заминсози ҷамоати деҳоти Узун – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,0 сомонӣ.

8. Сармутахассис оид ба корҳои омори ҷамоати деҳоти Узун – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,0 сомонӣ.

9. Сармутахассис - сармуҳосиби ҷамоати шаҳраки Гулистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,0 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Маданият – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,0 сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Ҳалевард – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,0 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Узун – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,0 сомонӣ.

13. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати шаҳраки Гулистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,0 сомонӣ.

14. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Навобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,0 сомонӣ.

15. Мутахассис оид ба масъалаҳои хазинадорӣ ва андози ҷамоати шаҳраки Балх– 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,0 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

                         

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

                          Барои ишғоли мансаби мутахассис:

       - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ;

-нусхаи билети ҳарбї (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, кўчаи  Туғаланг-6, бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Телефон барои тамос: 8 (3247) 4-28-09, 4-33-35

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

         Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон