User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос барои сарнотариусҳои идораҳои нотариалии давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ташкил намуд. Курси мазкур аз 22 то 26 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, ба он 50 нафар шунаванда фаро гирифта шуданд.

Дар ифтитоҳи курс Аюбӣ Б.О.-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Маҷидӣ А.А.-сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафарзода Д.Ҷ.-ноиби якуми ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулон зимни суханрониҳо иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди коррупсия яке аз самтҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирии   омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба  даст  овардани  Истиқлоли  давлатӣ  мубориза  бо  коррупсияро     ҳамчун самти афзалиятноки  сиёсати  давлатӣ қарор дода,ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.        

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муимтарини конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия буда,дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (соли 2003) узви он мебошад. Барномасозии давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Сарвари давлат ду маротиба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Барои шунавандагони курс лексияҳо дар мавзӯъҳои «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: мафҳум ва шаклҳои он», «Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Омӯзиши барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва дигар қонунгузориҳо дар ин самт», «Нақши ҳуҷҷатҳои давлатии стратегӣ дар таъмини муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ришва ва судхӯрӣ ё шаффофияту меъёрофарӣ дар фарҳанги исломӣ», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо гузаронида шуданд.