ҲАМАИ ХАБАРҲО
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Бо мақсади мукаммал намудани сатҳи донишҳои амалии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар асоси сархати якуми протоколи ҷаласаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2021, №1 дар доираи иҷрои банди 6 Нақшаи чорабиниҳои асосии Агентии хизмати давлатӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021санаи 22 июни соли 2021 дар саҳни бинои Агентии хизмати давлатӣ машқҳои амалӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои оташхомӯшкунӣ ва истифодаи таҷњизотҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвӣ бо
иштироки кормандон гузаронида шуд.
Машғулиятро Қосимзода Г.Ҷ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оғоз намуда, таъкид намуд, ки бо фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ Комиссияи идоравӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳайати сохторҳои идоракунии мудофиаи гражданӣ фаъолият намуда, яке аз вазифаҳои Комиссияи мазкур огоҳониданӣ кормандон ба ҳисоб меравад.
Сипас, мудири бахши молия ва муҳосибии Агентии хизмати давлатӣҒоибов О.Г. ҷиҳати дуруст истифода намудани ниқобҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвӣ дар ҳолатҳои фавқулода, тарз ва усулҳои истифодабарии ниқобҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвиро ба тариқи амалӣ ба кормандони Агентии хизмати давлатӣ фаҳмонида, дар рафти кори амалӣ кормандон аз ниқобњои зикршуда истифода намуданд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷотҳои Агентии хизмати давлатӣ барои ҳар як корманди Агентии хизмати давлатӣ ниқобҳои зиддирадиатсионӣ ва кимиёвӣ харидорӣ шуда, дар ҳолати зарурӣ истифода карда мешаванд.
Дар рафти машқи амалӣ мудири хоҷагии Агентии хизмати давлатӣ Муродҷонов С. баҳри риояи қоидаҳои оташхомӯшкунӣ, инчунин тарзи истифодаи оташхомӯшкунаки дастӣ њангоми сӯхтор ва навъҳои оташхомӯшкунаки дастӣ ба кормандони Агентии хизмати давлатӣ маълумот доданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки оташхомӯшкунаки дастӣ аз намудҳои маҳлулҳои кимиёвӣ таркиб ёфта, истифодаи он дар ҳама маврид қулай мебошад. Мувофиқи қонунгузории соҳаи мудофиаи гражданӣ тамоми биноҳои давлатӣ, нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ бояд бо оташхомӯшкунаки дастӣ таъмин бошанд.
Дар ҷамъбасти машқҳои амалӣҚосимзода Г.Ҷ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории Сovid-19 дар кишвар кормандони Агентии хизмати давлатиро бо истифода аз маълумоти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус Сovid-19 гузориш дода, барои таъмини риояи қатъии қоидаҳои бењдоштию санитарӣ таъкид намуд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх