User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади таҳким бахшидани иштироки бонувон дар хизмати давлатӣ,идоракунии давлатӣ дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон 26 майи соли ҷорӣ курси навбати омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд дар Академияи идоракунии давлатӣ оғоз гардида, ба он 25 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд.

 Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор – Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон силсилаи стратегияю барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул ва амалӣ гардида, барои фаъолияти густурдаи занон дар соҳаҳои мухталиф имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021 дар идомаи ин сиёсати созанда махсус таъкид гардида, қайд карда шуд, ки ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад.

Чунин курсҳои омӯзишии дуалӣ қаблан барои хизматчиёни давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ гузаронида шуда, дар онҳо 80 нафар бонувон фаро гирифта шуданд.

Курси мазкур то санаи 4 июни соли равон идома дошта, мувофиқи Нақшаи таълимӣ баъди ҷамъбасти даври якуми омӯзишӣ шунавандагон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он (дар ҳар як мақомот-5 нафарӣ) ба муҳлати се рӯз ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда мешаванд.