User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Яке аз самти асосӣ дар раванди мубориза бо бемории коронавируси КОВИД-19 ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ҳангоми дастрасӣ бо  ваксина нахуст кадом қишри аҳолӣ ваксинатсия  карда мешаванд?

 Ба ин савол Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА  ба АМИТ «Ховар» посух дод. Номбурда  чунин  иброз дошт:

Бо мақсади тақсимоти одилонаи ваксина дар байни гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чорабиниҳо гузаронида, оид ба ин масъала дастурамал таҳия ва қабул карда шуд. Тибқи дастурамали мазкур, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, таъмин карда шаванд.

Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита бо ташаббуси Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия, ки механизми байналмилалии COVAX-ро ташкил намуда, бевосита ба ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ҷиҳати ҷамъоварии маълумот оид ба бақайдгирии давлатҳои ниёзманд (92 давлати ҷаҳон) барои расонидани кӯмакҳо бо мақсади таъмини онҳо бо ваксина бар зидди сирояти COVID-19 фаъолият дорад, гурӯҳи кории техникиро дар ҳайати сармутахассисони соҳавӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ барои омодабошӣ ба воридкунии ваксинаи зидди сирояти COVID-19 таъсис дод.

Аз ҷониби гурӯҳи мазкур тибқи дархости механизми COVAX гурӯҳи мақсаднок аз ҳисоби шумораи умумии аҳолӣ барои фаро гирифтан бо ваксинатсия бар зидди сирояти COVID-19 муайян гардид, ки он 1,8 миллион нафар ва ё 20 фоизи аҳолии умумии мамлакатро ташкил медиҳад.

Ба ин гурўҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дохил карда шудаанд.

Шумораи мақсадноки аҳолӣ ба Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия санаи 7 декабри соли 2020 ирсол шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба рўйхати давлатҳои дархосткунандаи ваксина бар зидди сирояти COVID-19 ба механизми COVAX шомил гардид.

Дар назар аст, ки теъдоди зарурии ваксина барои гурӯҳҳои номбаршуда аз ҷониби механизми COVAX ба кишвар тариқи кумаки башардўстона пешниҳод мешавад. Ғайр аз ин, барои харидории ваксина аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ  3 миллион доллар ҷудо гардида, ҷудо намудани 5 миллион доллари америкоии дигар дар назар дошта шудааст.

Сарчашма: khovar.tj