User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 10 декабри соли 2021 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он рафти иҷрои њисоботи гурӯҳ оид ба бартараф намудани хавфҳои коррупсия дар Агентии хизмати давлатӣ ва лоиҳаи Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаҳои пешбинишуда сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Сайфуддинова Р.Р. ва муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.

Қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабули 29 санади зерқонунӣ, аз ҷумла 16 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон, 1 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Агентии хизмати давлатиро муқаррар намудааст.

То имрӯз ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои зерқонунӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

Зимни гузориш вобаста ба лоиҳаҳои санадњои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ таҳия гардида, дар баррасии мақомоти давлатӣ қарор доранд, маълумот дода шуд.

 Дар ҷаласа ҳамчунин қайд гардид, ки дар доираи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 ва Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум, солҳои 2021-2025 барои соли 2021, ки аз 2 сентябри соли 2021 тасдиқ карда шудаанд, лоиҳаи Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод гардид.

Барномаи мазкур аз 6 боб ва 19 банд иборат буда, барои татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мусоидат намуда, ба пешгирӣ ва муқовимат ба омилњои бавуҷудоварандаи коррупсионӣ равона карда шудааст.

Мақсади асосии Барномаи мазкур баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ, фароҳам овардани шароити пешгирии коррупсия, такмил додани санадњои меъёрии њуќуќии соњаи хизмати давлатї, таъмини иљрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат ба коррупсия, ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, инчунин таъмини шаффофият дар фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ мебошад.

Директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъмини иҷрои Нақшаи амал аз 18 майи соли 2020, риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, самаранок гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба роҳбарону воҳидҳои сохторӣ ва масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро супорида шуданд.

                                                                 Агентии хизмати давлатии назди
                                                                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон