ҲАМАИ ХАБАРҲО
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.
-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон;
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-кор карда тавонистан бо барномаҳои компютер соҳа;
Маоши мансабӣ 1519 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, агроном, (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз бартарӣ дода мешавад);
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-кор карда тавонистан бо компютер ва барномаҳо;
Маоши мансабӣ 1124 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси иқтисодчӣ
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрокимиё ва хокшиносӣ, (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз бартарӣ дода мешавад);
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси бахшро ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ 924 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрокимиё ва хокшиносӣ, геодезия, топограф, харитасоз (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз бартарӣ дода мешавад);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқииҶумҳурии Тоҷикистон;
-кор карда тавонистан бо компютер;
Маоши мансабӣ 1076 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия ва агроном (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз бартарӣ дода мешавад);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои катигорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон;
Маоши мансабӣ муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳия-1946 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодчӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ 1186 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ
Талаботи тахассусӣ барои довталабон(муовини раис):
Маоши мансабӣ муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳия-1076 то 1131 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Довталабон барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоянд:
-аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-4 дона расми андозаи 3х4 ва (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом замима);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад)
-нусхаи шиносномаи миллӣ;
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-хислатнома;
-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);
-маълумотнома оиди надоштани дощи судӣ (ИЦ);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
-нусхаи шаҳодатномаи акди никоҳ ва таваллуди фарзандон (барои
шахсоне, ки оиладор ҳастанд);
-маълумотнома (объективка) аз ҷои кори пештара;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун баъд аз нашри эълон дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаи Фотеҳ Ниёзӣ – 50 қабул карда мешавад. Давраи аввали озмун баъд аз 21 рўзи чопи нашр баргузор мегардад.
Телефон барои тамос:. 227-80-49, 900-46-46-53.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх