User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

1.Сармутахассис (муҳандис заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Пули Сангин - 1 ҷой,

      Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрономӣ ва хокшиносӣ, геодезия, топограф, ва харитасоз;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

         -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

         -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1045,50 (ҳазору чилу панҷ сомонию панҷоҳ дирам), иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба номи роҳбари мақомот;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатии дақиқ фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

-маълумотнома оид ба доғи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Норак, кўчаи А. Рўдакӣ-18,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак,  Телефон барои тамос: (83138) 2-14-60,

 

Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.