11:05, 22 Августи 2018
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»


 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ф а р м о н м е д и ҳ а м:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 44 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи дастгоҳи марказии Агентӣ ба миқдори 25 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Директор, аз ҷумла як муовини якум, инчунин ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он дар маҳал аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2007, №264 «Дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад. 

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон

ш. Душанбе
15 марти соли 2014
№179



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Январ 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон