19:00, 22 Майи 2018
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Роҳбарият

Давлатов Ҷумъа  Муҳмадалиевич
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич 28 декабри соли 1963 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шудааст, тоҷик, таҳсилот олӣ.
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сохтори давлатӣ ва ҳуқуқ хатм намудааст.
Солҳои 1982 - 1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст.
Аз соли 1991 то 2001 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратура (ёрдамчии прокурори ноҳияи Восеъ, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Восеъ, муфаттиш ва сармуфаттиши корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии ТоҶикистон, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) кор кардааст.
Минбаъд дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
солҳои 2001- 2007 - мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
солҳои 2007 - 2008 - сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
солҳои 2008 - 2009 - сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;  
солҳои 2010 - 2014 - Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
солҳои 2014 - 19.06. 2015 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.         
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон аз 19 июни соли 2015, №506 директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон таъин  гардид.
Бо ордени «Шараф» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст.
Оиладор, падари 3 фарзанд мебошад.



Қосимзода Гурез Ҷӯрахон
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

     Ќосимзода Гурез Љўрахон 13 декабри соли 1960 дар ноњияи Вахш таваллуд шудааст. Миллаташ тољик, тањсилоташ Олї. Соли 1983 филиали Институти давлатии педагогии шањри Душанбе дар шањри Ќурѓонтеппаро (рўзона) ва соли 2012 Донишгоњи Славянии Руссияву Тољикистонро (ѓоибона) хатм намуда, дар вазифањои зерин фаъолият намудааст.

Аз соли 1983 то соли 1986 дар вазифаи муаллими забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи №11, ноњияи Вахш, солњои 1986-1989 бањисобгирандаи шуъбаи мактубњои редаксияи вилоятии «Њаќиќати Ќурѓонтеппа», соли 1989 - мухбири рўзномаи «Вахш», солњои 1989-1990 мудири шуъбаи кишоварзии рўзномаи «Вахш», солњои 1990-1993 мухбири рўзномаи вилоятии «Навиди Вахш», соли 1993 - муњаррири рўзномаи «Вахш», солњои 1993-1995 муњаррири калони телевизиони кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, соли 1995 љонишини мудири шуъбаи фарњанги шурои иттифоќи љавонони вилояти Хатлон љонишин – мудири шуъбаи фарњанг ва иттилооти иттифоќи љавонони вилоят, солњои 1994-1995- дар як ваќт мухбири «Садои Мардум» дар вилояти Хатлон, солњои 1995-1996- мудири сектори дастгоњи раиси шањри Ќурѓонтеппа, солњои 1996-1997- иљрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрњои дастгоњи раиси шањри Ќурѓонтеппа, солњои 1997-1998- мудири шуъбаи кор бо љавонони шањри Ќурѓонтеппа, солњои 1998-2001- сармутахассиси шуъбаи сиёсати љавонони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, солњои 2002-2004- муовини мудири шуъбаи ташкили Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, солњои 2004-2010- Мушовири Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба сиёсати кадрњои Љумњурии Тољикистон, солњои 2010-2013- муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, солњои 2013-2014- муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва аз феврали соли 2014 муовини якуми Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон таъин гардидааст.

Бо медали љашнии «20-солагии давлатии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор.    

 



Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода
Муовинидиректори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд 5 марти соли 1976.
Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.
Соли 1997 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 2009 факултаи идоракунии Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо тахассуси сиёсатшинос хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1998 оғоз гардида, дар мансабҳои мутахассис, сармутахассиси Идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагон, сармутахассиси Идораи робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои миллӣ, сардори Идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз феврали соли 2014 дар мансаби муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,
2005 - 2010 ва 2010 - 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ интихоб шудааст.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Январ 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон