-
ДИРЕКТОРИ
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
ФАРМОИШ
Аз 05 январи соли 2016, №03 ш. Душанбе
Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињои
татбиќи Кодекси одоби хизматчии давлатии
Љумњурии Тољикистон, ки бо фармони
Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри
соли 2015, №591 тасдиќ карда шудааст
Бо маќсади амалисозии муќаррароти Кодекси одоби хизматчии давлатии Љумњурии Тољикистон, ки бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2015 №591 тасдиќ гардидааст ва мутобиќи банди 12 Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ф а р м о н м е д и њ а м:
1. Наќшаи чорабинињои татбиќи Кодекси одоби хизматчии давлатии Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шавад (замима мегардад).
2. Воњидњои сохтории дастгоњи марказї ва сохторњои мањаллии Агентии хизмати давлатї љињати иљрои Наќшаи чорабинињои мазкур ва риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Љумњурии Тољикистон тадбирњои мушаххас андешида, аз натиљаи иљро то 1 июн ва то 1 декабри соли 2016 ба директори Агентии хизмати давлатї гузориш пешнињод намоянд.
3. Мутобиќсозии рафти иљрои Наќшаи чорабинињои татбиќи Кодекси одоби хизматчии давлатии Љумњурии Тољикистон ба зиммаи шуъбаи њифзи иљтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатї вогузор карда шавад.
Директор Љ. Давлатов
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак