ҲАМАИ ХАБАРҲО
13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” боздид намуданд.
13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.
13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин рӯзи 9 март садо дода буд, машварати корӣ доир намуданд.
Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони aзиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям.
29 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорони Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Чун анъана ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироъа мегардад. Санаи 28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод гардид, ки фарогири дастовардҳо ва муваффақиятҳои соли сипаригардида ва нақшаву барномаҳо барои соли оянда буд. Мувофиқан, бо мақсади гиромидошти 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рўйи барномаи «Малакаи сарварӣ» курси такмили ихтисос оғоз гардид.
Дар робита ба амалисозии Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ карда шудаааст, санаи 1 марти соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои ишѓоли 16 мансаби холӣ бо иштироки 31 (зан-6) нафар довталаб озмун баргузор карда шуд.
(Таманиёти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Бо самимияти бепоён ба зан - Модар - ба офарандаи зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёт, бо арҷгузорӣ ба шири поку домони биҳиштии ӯ, бо ихлос ба мактаби модар, ки беҳтарину бузургтарин мактаби башарият аст, фарорасии баҳори сабзоғӯш – оғози эҳёи табиат, фасли шукуфтану сабзиданҳо ва Рӯзи Модарро ба Шумо таҳният мегӯем.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 3 / 5
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевичсоли 1963 таваллуд шудааст.
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сохтори давлатӣ ва ҳуқуқ хатм намудааст. Солҳои 1982 - 1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Аз соли 1991 то 2001 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратура (ёрдамчии прокурори ноҳияи Восеъ, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Восеъ, муфаттиш ва сармуфаттиши корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) кор кардааст. Минбаъд дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2015, №506 директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Бо ордени «Шараф» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст. Оиладор, падари 3 фарзанд мебошад.
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қосимзода Гурез Ҷӯрахон13 декабри соли 1960 таваллуд шудааст.
Соли 1983 филиали Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппаро (рӯзона) бо ихтисоси омӯзгор ва соли 2012 Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Бо медали ҷашнии «20-солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби як фарзанд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх