User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи ҳамкорињои Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ 11 октябри соли 2021 барои хизматчёни давлатии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори комиссияи аттестатсионӣ барои фаро гирифтан ба такмили ихтисос тавсия шудаанд ва хизматчиёни давлатии солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021 аз рӯйи барномаи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ»   курси такмили ихтисос оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи курси мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ-Давлатов Ҷумъаи Маҳмадалиевич, ректори Академияи идоракунии давлатӣ-Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар назар аст, ки курси мазкур то 16 октябри соли 2021 идома ёфта, ба шунавандагони курс дар мавзӯъҳои «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳи Кодекси одоби хизматии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Барнома, Консепсия, Стратегия ва дурнамоҳои давлатӣ дар рушди хизмати давлатӣ», «Низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воќеӣ ва ҳуқуқӣ», инчунин «Қоидаҳои баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ»,   «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Этика дар соҳаи хизмати давлатӣ» ва ғайраҳо лексия доир карда мешавад.

Дар ҷамъбасти курс мизи мудаввар дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» ба нақша гирифта шудааст.