User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади татбиқи самарабахши Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) рӯзи 6 октябри соли 2021 дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ Давлатов Ҷ.М. бо директори минтақавии дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумхурии Тоҷикистон ҷаноби Миякава Такаши баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои «Тасдиқи рӯйхати мақомоти давлатии иштирокчии Лоиҳаи JDS барои соли 2021», «Васеъ намудани доираи иштирокчиён-довталабони таҳсил дар докторантура» ва «Тағйири маҳдудияти ба магистратура фиристодани намояндагони мақомоти иштирокчии Лоиҳаи JDS» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷониби Дафтари Лоиҳаи JDS пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон рӯйхати мақомоти давлатии иштирокчии Лоиҳаи JDS-ро баррасӣ ва номгӯи нави мақомоти давлатиро пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, бо мақсади васеъ намудани доираи иштирокчиён-довталабони таҳсил дар докторантура Дафтари Лоиҳаи JDS пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати фарогирии бештари довталабон ва имконияти интихоби номзадҳои болаёқат ба докторантура номзадҳо аз ҳисоби дигар барномаҳои омӯзишии Япония, ки хизматчиёни давлатии (кормандони) мақомоти давлатии иштирокчии Лоиҳаи JDS буда, магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм кардаанд (бо назардошти ду соли фаъолият дар мақомоти давлатӣ пас аз хатми магистратура), пешниҳод ва интихоб карда шавад.

Бинобар бештар гардидани ҷойҳои барои таҳсил ҷудогардида пешниҳод карда шуд, ки ҳангоми интихоби номзадҳои мақомоти давлатии иштирокчии Лоиҳаи JDS теъдоди номзадҳои барои таҳсил интихобшаванда аз ҳар як мақомоти давлатӣ аз 2 ба 3 нафарӣ афзоиш дода шавад.

Қайд гардид, ки дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар солҳои 2009-2020 75 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.

Мувофиқи мониторинги охирини Агентии хизмати давлатӣ аз теъдоди 75 нафаре, ки ба Япония фиристода шудаанд, 53 (зан-6) нафар магистратура ва 1 нафар докторантураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, аз онҳо 30 (зан-2) нафар ё 55,5 фоизи хатмкунандагон аз мансабҳои то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Айни замон таҳсили 21 нафар (19 нафар дар магистратура ва 2 нафар дар докторантура) идома дорад.

Дар фарҷоми мулоқот директори Агентии хизмати давлатӣ барои ҳамкорињои судманд ба намояндаи дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

                                                                                                                                                                                           Агентии хизмати давлатии назди
                                                                                                                                                                                           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон