User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо мақсади татбиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» рӯзҳои 23-25 сентябри соли 2021 дар шаҳри Панҷакент барои 28 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯшон аз рӯйи Барномаи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иљтимоӣ ва иқтисодии маҳал» курси сайёри таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатӣ – Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ-Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни курс шунавандагон бо фаъолияти ҷамоатҳои пешқадами шаҳри Панҷакент шинос шуда, инчунин аз корхонаҳои истеҳсоливу мавзеъҳои таърихии шаҳри Панҷакент дидан намуданд.

Дар анҷоми курс дар мавзӯи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иљтимоӣ ва иқтисодии маҳал» мизи мудаввар баргузор гардида, ба иштирокдорон гувоҳнома дода шуд.

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон