User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябри соли 2021 ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣМӯсоева Рафиқа Ғаниевна, муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷират, хатмкардаи магистратураи Донишгоҳи Хиросимаи Япония Имомзода Имомназар Аюб, кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ, магистрантони таҳсили яксолаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатии ҷавони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ,инчунин тариқи фосилавӣ хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва кормандони сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро бо ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва барои иштирок дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ изҳори сипос намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки истиқлолият барои ҳар як миллату давлат муқаддастарин неъмат ба ҳисоб рафта, дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ,   30 соли созандагиву бунёдкорӣ, 30 соли ваҳдату якдигарфаҳмӣ, 30 соли дастоварду муваффақиятҳо халқи мо имтиҳонҳои таърихро паси сар намуд. Дар ин солҳо душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ бартараф, пояҳои давлати миллӣ устувор, низоми ҳуқуқии кишвар   муайян, ҳадафҳои стратегии кишвар эълон гардиданд. Соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушду тараққӣ намуда, сол аз сол сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи саъю талошҳои мардуми сарбаланди кишвар зери парчами ваҳдату якдилӣ корҳои ободонию созандагӣ бомаром рушду тараққӣ намуда, ниҳодҳои нав, аз ҷумла хизмати давлатӣ бо мақсади хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Имрӯзҳо тантанаҳои ҷашни Истиқлол дар кишвари мо бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуда, силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашни муқаддас идома дорад. Чорабинии имрӯза низ бо мақсади арҷгузорӣ ба ин санаи муҳиму таърихӣ доир гардида, ба саҳми ҷавонон дар пешрафти соҳаи хизмати давлатӣ ва вазифаҳои хизматчиёни давлатии ҷавон дар марҳилаи навбатии рушди Тоҷикистон бахшида мешавад, зеро дар сиёсати иҷтимоии давлати мо масъалаи рушди соҳаи ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим ва   ҷавонон ояндаи миллату давлат эълон гардиданд.

Имрӯз дар кишвари мо сиёсати давлатии ҷавонон дар радифи масъалаҳои муҳими стратегии давлатӣ гузошта шуда, роҳбарияти олии кишвар баҳри дастгирии ҷавонон мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Қабули стратегияву барномаҳои соҳавӣ, таъсиси квотаҳои Президентӣ, ҷоизаҳо, эълон гардидани «Соли ҷавонон», таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иқдомҳои муассир ҳамагӣ барои таҳкими иштироки фаъоли ҷавонон дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ равона гардидаанд.

Дар натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ сол аз сол тақвият меёбад. Агар ҳиссаи ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар соли 2010 40,6 фоиз бошад, ин нишондод дар соли 2021 ба 48,0 баробар гардидааст.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омода намудани кадрҳои баландихтисос барои тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои олӣ дар кишвар ба 41 адад расидааст.

Аз ҷумла, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон низ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, омода намудани кадрҳо барои мақомоти давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмилиихтисос ва таҷрибаомӯзиихизматчиёнидавлатироамалӣменамояд.

Бо мақсади омода намудани хизматчиёни давлатӣ, бахусус, аз ҳисоби ҷавонон бо ихтисосҳои «Идоракунии давлатӣ» моҳи ноябри соли 2009 дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳанс Зайдели Олмон магистратура таъсис дода шуда, дар давоми солҳои 2010-2020 744 нафар, аз ҷумла 210 нафар занон магистратураро хатм намуданд, ки ҳоло 49,4 фоизи хатмкардагон дар мансабҳои баландтар фаъолият доранд.

Айни замон дар Академияи идоракунии давлатӣ 77 нафар хизматчии давлатӣ дар магистратураи яксола ва 115 нафар дар магистратураи дусола ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади омода намудани мутахассисон дар кишварҳои пешрафта Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) оид ба Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо аз 5 июни соли 2009 ба имзо расида, Агентии хизмати давлатӣ ба ҳайси мақоми ваколатдор барои татбиқи Созишномаи мазкур муқаррар гардид.

Дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳодар солҳои 2009-2020 75 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.

Аз онҳо 53 нафар магистратура ва 1 нафар докторантураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 55,5 фоизи хатмкунандагон аз мансабҳои то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш мудири бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ- Ниятбеков Ғолиб, сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд-Ҷумаев Исматҷон Султонҷонович, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар-Рухшонаи Шералӣ ба тариқи онлайн сухаронӣ намуданд.

Зимни баррасии маърӯзаҳо таъкид гардид, ки ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бомароми соҳа ва дастгирии пайвастаи ташаббусҳои ҷавонон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Ҳамчунин зимни баргузории чорабинӣ мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» 2 нафар мутахассисони ҷавони Агентии хизмати давлатӣ, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, савганд ёд намуданд.

Дар охири ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон Муроҷиатномаи ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ қабул гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ҷавонон, ки софдилона ва бомасъулият уҳдадориҳои мансабии худро иҷро менамоянд, бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.