User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 августи соли равон Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони Истиқлолият»   баргузор гардад.

Дар кори Конференсия директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои

кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода Абдухалил  Давлаталӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод, ҳамчунин собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ, олимону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. оғоз намуда, ҳозиронро бо ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 20-солагии таъсисёбии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад.

Қабули аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан низоми хизмати давлатии миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро поягузорӣ намуд.

Бо мақсади ташкили низоми самараноки хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001, №475 дар  низоми идоракунии давлатии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ – Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсисёбии ин ниҳод яке аз дастовардҳои замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба ташаккули хизмати давлатӣ,  ислоҳот ва рушди  он заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҷиҳати роҳандозии азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва тачрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ ва тақвият бахшидани  саҳми онҳо дар самаранокии идоракунии давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002, №926 дар назди Раёсати хизмати давлатӣ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуд. 

Марҳилаи навбатии рушди хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамуд, ки барои тайёр намудани теъдоди  бештари кадрҳои баландихтисос ва дорои донишу малакаи касбӣ зимни фароҳам оварда шавад. Бо ин мақсад, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 26 августи соли 2013 ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз 29 феврали соли 2020 ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода  шуд.

Бо мақсади омода намудани хизматчиёни давлатӣ бо ихтисосҳои «Идоракунии давлатӣ» моҳи ноябри соли 2009 бо дастгирии Бунёди Ҳанс Зайдел дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ магистратура таъсис дода шуда, дар давоми солҳои 2010-2020 744 нафар, аз ҷумла 210 нафар занон магистратураро хатм намуданд, ки ҳоло 49.4 фоизи онҳо дар мансабҳои баландтар фаъолият доранд.

Ҳамчунин бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисос дар асоси Созишномаи ҳамкории байни Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2002-2020 аз рӯи барномаи таҳсилоти олии дуюм, аспирантура ва докторантура зиёда аз 100 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба Академияи мазкур фиристода шуданд.

Бо мақсади омода намудани мутухассисон дар кишварҳои пешрафта Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) оид ба Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо аз 5 июни соли 2009 ба имзо расида, Агентии хизмати давлатӣ ба ҳайси мақоми ваколатдор барои татбиқи Созишномаи мазкур муқаррар гардид.

Дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо(Лоиҳаи JDS) дар солҳои 2009-2020 75 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд.

Аз теъдоди 75 нафаре, ки ба Япония фиристода шудаанд, 53  нафар магистратура ва 1 нафар докторантураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 55,5 фоизи хатмкунандагон аз мансабҳои то таҳсил ишғолнамуда аз  1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Имрӯз фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ ба такмили хизмати давлатии касбӣ равона гардида, ин ниҳоди зодаи даврони Истиқлолият барои таъмини идоракунии самаранок тавассути татбиқи технологияҳои кадрӣ ва омода намудани хизматчиёни давлатии ба талаботи замон ҷавобгӯ қадамҳои устувор мегузорад.

Дар солҳои 2002-2021 дар робита ба татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ бо мақсади таҳким бахшидани иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ тавассути истифодаи василаҳои интихобу ҷобаҷогузории дурусти ҳайат, муайян намудани самаранокии саҳми хизматчии давлатӣ дар татбиқи вазифаҳои мақоми давлатӣ аз тариқи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ, таъмини болоравии мансабии хизматчии давлатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, дигар ҳавасмандкунӣ ва дастгирии хизматчиёни давлатӣ зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ ва роҳандозӣ гардиданд.

Дар натиҷа айни ҳол қонунгузории соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи ҷомеаи башарӣ шабеҳ, дар баъзе масъалаҳо ҳатто пешрафта гардидааст.

Тавассути ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои мухталифи марбут ба хизмати давлатӣ, низоми хизмати давлатӣ, принсипҳои асосии хизмати давлатӣ, одоби хизматчии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои фаъолият, вазифа ва салоҳияти он, масъалаҳои ташкил ва адои хизмати давлатӣ, аз ҷумла, таснифи хизматчиёни давлатӣ, талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, тартиби қабул шудан ба хизмати давлатӣ, қабули савганди хизматчии давлатӣ, татбиқи дигар технологияҳои кадрӣ (озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ, ташкили захираи кадрҳои хизмати давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ) танзим гардидаанд.

Хизмати давлатии Тоҷикистон хизмати касбист. Имрӯз дар роҳи душвору пурифтихори хизмати давлатии шаҳрвандӣ 19176 нафар қадам мезананд, ки 23,4 онҳоро бонувон ва 48,0 фоизро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.

Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат баробар бо рушди соҳаи хизмати давлатӣ иштироки ду қишри асосии ҷомеа-бонувон ва ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ бо истифода аз роҳу усулҳои муосири тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо тақвият дода шуд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4486 нафар ё 23,4 фоизро ташкил дода, аз 5910 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1148 нафар ё 19,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 131 нафар ва теъдоди занони роҳбар  82 нафар афзоиш ёфтааст.

Айни ҳол бонувон дар мансабҳои хизмати давлатӣ дар мақомоти марказӣ 23,8 фоиз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 26,7 фоиз ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 17,5 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ сол аз сол тақвият меёбад. Агар ҳиссаи ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар соли 2010 40,6 фоиз бошад, ин нишондод дар соли 2021 ба 48,0 баробар гардидааст.

Зимни баррасии маърӯзаҳо таъкид гардид, ки таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар назди ниҳоди хизмати давлатӣ низ вазифаҳои боз ҳам пурмасъулиятро пеш мегузорад. Имрӯз хизмати давлатӣ бояд беш аз пеш миёни давлат ва ҷомеа нақши ҳалқаи васлкунандаро бозида, барои татбиқи манфиатҳои миллӣ, фаъолияти судманди мақомоти давлатӣ ва боло бурдани имиҷи мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз хизматчиёни давлатӣ масъулияти асосиро ба зимма доранд.

Воқеан, хизмати давлатӣ хизмат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон буда, хзматчиёни давлатӣ узви мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Имрӯз ҳар як хизматчии давлатӣ бояд савганди ёдкардаи худро пос дошта,  намунаи садоқат ба ватану миллат ва Конститутсия, тимсоли ростқавлию поквиҷдонӣ, меҳанпарастию масъулиятшиносӣ бошанд ва дастрас будан ба мардум, робитаи наздик доштан бо аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти мардум, татбиқи ҳамкории созанда бо ҷомеаро асоси фаъолияти худ ва мақомоти давлатӣ шуморад. Дар як вақт савганди ёдкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 октябри соли 2020 бояд ба рӯзномаи кории ҳар як хизматчии давлатӣ табдил ёбад.

Дар рафти конференсия вобаста ба масоили мухталифи хизмати давлатӣ ва рушди он маърӯзаҳои илмӣ-амалии «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши занон дар идоракунии давлатӣ», «Рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масоили таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии такмили он», «Тамоюли омодасозии кадрҳои ҷавон дар  сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо шунида ва муҳокима гардиданд. 

Вобаста ба мавзӯъҳои баррасигардида бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа Тавсияҳои Конференсия қабул карда шуд.

Ҳамзамон, дар ҷамъбасти Конференсия як зумра собиқадорон, хизматчиёни давлатие, ки дастовардҳои хизматӣ доранд, одоби касбии намунавӣ зоҳир намудаанд, дар татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳои идоравӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.