User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-қадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2021 бо мақсади татбиқи талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» 70 нафар хизматчии давлатӣ-нозирони мизҳои ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, инчунин

кормандони комиссариатҳои ҳарбии минтақаи Бохтари вилояти Хатлонро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи «Одоби муоширати расмӣ» аз 1 июни соли равон ба курси такмили ихтисос ҷалб намуд.

Дар ифтитоҳи расмии курс муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатӣ-Аҳмадзода Зулфия Кабир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Курси мазкур 3 рӯз идома ёфта, барои шунавандагон лексия-мубоҳисаҳо вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, иҷрои талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва дигар мавзӯъҳо гузаронида шуда, дар хатми курс ба шунавандагон гувоҳнома супорида мешавад.

                       

                          Агентии хизмати давлатии назди

                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон