User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 21 майи соли равон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои (марказҳои) таълимии тобеи мақомоти давлатӣ ва натиҷаи мониторинги супоридани эъломияҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯи масъалаҳои пешбинишуда сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилоот Латипов Ф.А. ва сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Рауфзода М.Ш. гузориш доданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлия Собирзода И.,директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ғанизода И.Ғ., сардори Маркази таълимии шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовар Исмоилиён Т.И., директори Муассисаи давлатии Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҷабов Р., директори такмили ихтисоси кормандони мақомоти молияи Вазорати молия Ҷураев Х.Ғ., сардори Маркази такмили ихтисоси Кумитаи андоз Ҳалимхонов А.А., муовини директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералӣ Сафарзод С.Ш., муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илм Акобиров Шоҳсафар, сарнозири кафедраи ташкили назорати гумруки ва информатикаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ғуломзода Ш.Х., сармутахассиси Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ Нусратуллозода О. ва сардори раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқии Вазорати кишоварзӣ Усмонова Ҳ.Ҳ. иштирок намуданд.

 Зимни баррасии масъалаи якум масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт ҳамаҷониба таҳлил карда шуд.

 Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома қайд гардид, ки дархости Агентии хизмати давлатӣ аз 4 декабри соли 2020, №04-2474 ба мақомоти давлатӣ дар бораи аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ барои давраи соли 2020 пешниҳод намудани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ба мақомоти андози маҳалли зист ва эъломияҳо оид ба вазъи молумулкӣ ба мақомоти давлатии ҷойи кор ирсол карда шуд.

 Ҳамчунин ба мақомоти давлатӣ қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 «Дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад» ва №412 «Дар бораи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ» дар шакли китобча нашр карда шуда, 600 адад барои истифода ва ташкили эъломиясупорӣ ирсол карда шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади расонидани кумаки методӣ ба хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ дар раванди эъломиясупории хизматчиёни давлатӣ, хонапурии дурусти эъломияҳо ва пешниҳоди онҳо ба мақомоти давлатии дахлдор семинарҳои дурӯзаи омӯзишӣ оид ба татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 ва №412 барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва хизматчиёни давлатии мақомотҳои иҷроияи марказии ҳокимяити давлатӣ ҷамъ 18 семинари дурӯза бо иштироки568 нафар масъулини мақомоти давлатӣ баргузор карда шуд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки аз 18641 нафар хизматчиёни давлатие, ки дар вақти супоридани эъломияҳо дар мақомоти давлатӣ кор мекарданд, 18458 нафар ё 99 фоиз эъломияҳо дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкиро тибқи талаботи қонунгузорӣ то 1 апрели соли 2021 ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудаанд.

Зимни баррасии масъалаҳо муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О., ректори Академияи идоракуни давлатӣ Ғафурзода А.Д., инчунин намояндагони муассисаҳои (марказҳои) такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро ирсол карда шуданд.

                                                                          

                      Агентии хизмати давлатии назди

                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон