User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 18 феврали соли равон дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2020 бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О., ноиби якуми ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатӣ Сафаров Д.Ҷ., инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Қабл аз нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон барои шиносоӣ бо натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2020 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.

Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои вазъи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва назорати одоби хизматчиёни давлатӣ, норасоии кадрҳо дар мақомоти давлатӣ махсусан дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ба хизмати давлатӣ ҷалб намудани занон ва шахсоне, ки тибқи квотаи давлатӣ ё роҳхати мақомоти давлатӣ муассисаҳои олии таълимиро хатм кардаанд, ҳолати баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, талабот нисбати хизматчиёни давлатие, ки хоҳиши таҳсил дар хориҷи кишварро доранд, талаботи тахассусӣ нисбати мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, тартиби таъин ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба саволҳои хабарнигорон дар робита ба масоили зикргардида посухҳои мушаххас дода шуд.

Хусусан ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар посух ба саволҳои хабарнигорон қайд карда шуд, ки тақвият додани иштироки занон дар хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади тарбия ва дастгирии занони болаёқат, инчунин ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ қабул гардида, амалисозии онҳо идома доранд.

Иштирокдорони нишасти матбуотӣ баҳамаи саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.

             Агентии хизмати давлатии назди

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон