ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Cанаи 15 феврали соли равон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар нишаст
директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., Аюбӣ Б.О., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатӣ Ғанизода И.Ғ., инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ нахуст директори Агентии хизмати давлатӣ ба хабарнигорон оид ба натиҷањои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021 гузориш дод. Бо назардошти қаблан дастрас гардидани фишурдаи гузориш оид ба фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021 бештари вақти ҷудошудаи нишасти матбуотӣ ба саволу ҷавобхо равона гардид.
Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои назорати одоби хизматчиёни давлатӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ тибқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, норасоии кадрҳо дар мақомоти давлатӣ, махсусан дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ҳолати баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабғои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, сабабҳои ҷалби ками довталабон барои иштирок дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар баъзе мақомоти давлатт, талабот нисбати хизматчиёни давлатие, ки хоҳиши таҳсил дар хориҷи кишварро доранд, аз ҷумла аз доираи Барномаи КОICA, рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ҳолатҳои аз кор рафтани хизматчиёни давлатӣ, музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар хориҷа, чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти коронавирус «Covid-19», фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2021, холатхои то баргузории озмун (муваққатан) ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардидан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба саволҳои хабарнигорон дар робита ба масоили зикргардида посухҳои мушаххас дода шуд.
Хусусан ба масъалаҳои ҷалби хизматчиёни давлатӣ барои тањсил дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар посух ба саволҳои хабарнигорон қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ дар самти тањсил ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ ҳамасола хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ва докторантура ба донишгоҳҳои Япония, Корея, Қазоқистон, Хитой, Россия ва дигар давлатҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ равон карда мешаванд.
Ҳамчунин дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод гардид, ки хабарнигорон метавонанд барои огоҳии бештар пайдо намудан аз рафти баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ ва Агентии хизмати давлатӣ дар озмунҳо иштирок намояд.
Иштирокдорони нишасти матбуотӣ ба ҳамаи саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх