User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дастгоҳираиси ноҳияи Данғара

  1. Сармутахассис оид ба корҳои ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

  1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара - 2 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.
  3. Мутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ

Воҳидҳои сохтории мақомоти худидоракунии 

шаҳрак ва деҳот

  1. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Корез - 1 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.
  2. Сармутахассис оид ба корҳои омории Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.
  3. Мутахассиси пешбари- нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Данғара - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
  4. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимої ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
  5. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Пушинг - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
  6. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Корез -1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
  7. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
  8. Мутахассис андозғундор ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Лолазор -1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.
  9. Мутахассис андозғундор ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.

Қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон:

-  ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатї бо шакли дар замимаи 1 пешбинї кардашуда;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатї

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандї

(агар шахс оиладор бошад);

-нусхаи дафтарчаи ҳарбї ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;

-тавсифнома аз ҷои кори охирин (омўзиш)

-тавсифнома, тақризҳои ташкилотҳо ва шахсони холис;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судї;

-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї шудааст.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатї ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатї;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбї, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабї мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 Талаботи тахассусї

барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбї ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Телефон: (8-33-12) 2-17-26, шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмї.

Эзоҳ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиқаи хизмати давлатї ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.