ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ
- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883,20 сомонӣ.
- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ.
Барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои тахассусии зерин муќаррар шудааст:
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби сардори шуъба
- мансаби маъмурии категорияи сеюм таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишѓолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
барои ишѓоли мансаби мудири бахш
- мансаби маъмурии категорияи чорум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишѓолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
барои ишѓоли мансаби сармутахассис
-мансаби маъмурии категорияи панҷум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишѓолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар
-мансаби маъмурии категорияи шашум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишѓолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 собиќаи умумии меҳнатӣ,
- донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.
барои ишѓоли мансаби мутахассис
-мансаби маъмурии категорияи ҳафтум таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ишѓолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро
пешниҳод кардан лозим аст:
-ариза ба унвони роҳбари маќоми давлатӣ дар шакли муќарраргардида;
-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли № 038 УЕ);
-нусхаи шиноснома дар бораи додани раќами мушахасси андозсупоранда (ИНН);
-маълумотнома аз ҷои истиќомат;
-маълумот «Дар бораи тасдиќи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ»
-маълумотномаи оиди доѓи Суди доштан (ИЦ)
-маълумотнома (объективка) дар бораи фаъолияти корӣ.
Мувофиќи банди 16-и Низомномаи тартиби гузаронидани озмун«Хароҷоти вобаста ба иштироки довталаб дар озмун (омаду рафт ба маҳалли гузаронидани озмун, иҷораи ҷойи истиќомат) аз ҳисоби довталаб пардохт карда мешавад.
Ба маоши вазифавӣ, инчунин фоизи муайян барои собиќаи хизмати давлатӣ пешбини шудааст.
Эзоҳ: Ќабули ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рўзи чопи эълони мазкур дар мўҳлати 21 рўз аз тарафи бахши кадрҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воќеъ дар шаҳри Душанбе кўчаи Айнӣ-121 амалӣ карда мешавад.
Телефон барои тамос: 225-05-73.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх