11:18, 22 Майи 2018
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Низомномаи агентӣ

                 
Замимаи 1
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз   «   15  »  марти соли 2014 
№ _179__  тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда,  сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар  соҳаи  хизмати давлатӣ амалӣ менамояд.
2. Агентӣ  дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи хизмати давлатӣ амалӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда  мебошад.
3. Агентӣ фаъолияташро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур анҷом дода, бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд.
4. Самтҳои асосии фаъолияти Агентиро татбиқи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ, ташкил ва адои хизмати давлатӣ, дар доираи ваколатҳои худ таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо ташкил медиҳанд.

2. Ваколатҳо, вазифа ва функсияҳои асосии Агентӣ

5. Ваколатҳои Агентӣ:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳҳои рушд ва ташаккули низоми хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- ба Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи хизмати давлатиро пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро таҳия ва  қабул менамояд;
- назорати татбиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ месозад;
- дар доираи ваколатҳояш дар мақомоти давлатӣ санҷиш мегузаронад, намояндагони мақомоти давлатиро ба баррасии масъалаҳои дар доираи салоҳияти худ қарордошта ҷалб менамояд;
- ҷиҳати бекор кардани қарорҳои мақомоти давлатӣ, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ мебошанд, ба мақомоти давлатии дахлдор, мақомоти болоӣ пешниҳод манзур  менамояд ва ба суд муроҷиат мекунад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ ва ҷазои маъмурӣ таъин менамояд;
- баҳодиҳии самараноки идоракунии ҳайат ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ вобаста ба масъалаҳои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ мегузаронад;
- бо мақомоти давлатии ваколатдори соҳаи хизмати давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва амалигардонии ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои таълимӣ дар дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалии соҳаи хизмати давлатиро ба имзо мерасонад ва амалӣ менамояд;
- дар бораи беҳдошти шароити меҳнат ва таъминоти иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ менамояд.
6. Агентӣ якҷоя бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигари мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ки муроҷиат мекунанд, чорабиниҳои зеринро анҷом медиҳад:
- таҳсили хизматчиёни давлатиро ташкил менамояд;
- масъалаҳои вобаста ба таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисосро ҳамоҳанг месозад;
- механизми таҳсили хизматчиёни давлатиро таҳия карда, якҷоя бо мақомоти давлатӣ арзёбии эҳтиёҷот ба таҳсилро муайян мекунад, барномаҳои таълимии мақомоти давлатиро тасдиқ ва татбиқ гаштани фаъолиятро дар ин самт назорат менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба таъмини иҷрои фармоиши давлатии тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ҳамоҳанг месозад;
- дар таҳияи нақша-ҷадвали ҳарсолаи курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок мекунад;
- шумораи хизматчиёни давлатӣ, категорияҳои мансабҳои давлатии маъмуриро барои таҳсил, эҳтиёҷот ба таҳсили онҳо муайян менамояд;
- мониторинги ҳолати ба таҳсил фаро гирифтани хизматчиёни давлатиро мегузаронад ва натиҷаи онро ҷамъбаст менамояд;
- таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро дар мақомоти давлатӣ ташкил ва амалӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
7. Вазифаҳои асосии Агентӣ: 
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ;
- ташкили низоми самараноки интихоби кадрҳо ва идоракунии ҳайати кормандон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;
- таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хизматчиёни давлатӣ.
8. Функсияҳои асосии Агентӣ:
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешбурди сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ анҷом медиҳад;
- натиҷаҳои татбиқи сиёсати хизмати давлатиро таҳлил ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии ислоҳот ва рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ташаккул додан ва баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
- назорати иҷрои қонунгузории хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ анҷом медиҳад ва аз онҳо маълумот дархост менамояд;
- меъёрҳои одоби хизматчиёни давлатиро таҳия ва назорати фаъолияти комиссияҳои оид ба одоби мақомоти давлатиро ба роҳ мемонад;
- механизмҳои таъминоти кадрӣ, қоидаҳои қабул ба хизмати давлатӣ, кафолати ҷараёни идоракунии ҳайат ва банақшагирии болоравии мансабиро дар низоми хизмати давлатӣ амалӣ менамояд;
- стандартҳои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, болоравии мансабӣ ва баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатиро таҳия менамояд;
- роҳбарии методӣ ва назорати гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи (ҷойивазкунии) хизматчиёни давлатии ҳайати роҳбарикунандаро анҷом медиҳад;
- низоми иттилоотӣ-коммуникатсиониро дар соҳаи хизмати давлатӣ ташкил ва ҷорӣ менамояд;
- таъминоти иттилоотии мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ амалӣ мегардонад;
- механизмҳои ташаккул ва самаранокии захираи кадрҳоро татбиқ менамояд;
- таҳияи барномаҳои таълимиро барои кадрҳои захираи мақомоти давлатӣ ба нақша мегирад;
- таҳлили ҳарсолаи пешниҳодҳои мақомоти давлатиро оид ба  ва масъалаҳои таҳсили хизматчиёни давлатиро гузаронида, барои таҳияи фармоиши давлатӣ ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- махзани маълумотро дар бораи хатмкардаҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  муассисаҳои олии таълимӣ, ки мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ тайёр мекунанд, таҳия менамояд;
- дар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ вобаста ба интихоби номзадҳо барои таҳсил дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- тадбирҳои банақшагирӣ ва дурнамои эҳтиёҷоти умумии хизматчиёни давлатиро ба таҳсил таҳия менамояд;
- оид ба ташкили фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- ҷараёни супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молу мулкро аз тарафи хизматчиёни давлатӣ назорат ва таҳлил менамояд;
- таҷрибаи пешқадами мақомоти давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ таҳлил ва ҷорӣ мекунад;
- ҷиҳати татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ тадбирҳо анҷом медиҳад;
- оид ба такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- мониторинги иҷрои муқаррароти талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ташкил менамояд;
- тартиби ҷорӣ намудани санҷиши тестиро барои довталабони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ  муайян менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ анҷом медиҳад;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи  хизмати давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешад;
- мониторинги татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақомоти давлатӣ мегузаронад ва барои роҳ надодан ба бархурди манфиатҳо тадбирҳо меандешад;
- мониторинги ҳолати таъминоти кадрии хизмати давлатӣ ва захираи кадрҳои мақомоти давлатиро гузаронида, эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ ба кадрҳоро пешбинӣ менамояд;
- пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиб ва ташкили махзани маълумот оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва захираи кадрҳои хизмати давлатиро анҷом медиҳад;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда санҷиши маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрвандро ҳангоми ҳалли масъалаи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани ӯ  мегузаронад;
- маълумоти омори давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъоварӣ, коркард ва нашр менамояд;
- дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод манзур менамояд;
- қабули шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкил, баррасии саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳо, қабули қарорҳои дахлдор ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро анҷом медиҳад;      
- дар доираи ваколати Агентӣ ҳифзи маълумотеро, ки сирри хизматӣ ва давлатиро дар бар мегиранд, таъмин менамояд;
- ҷобаҷокунӣ, нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар рафти фаъолияти дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои маҳаллии он таҳия мешаванд, амалӣ менамояд;
- дигар функсияҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
9. Бо мақсади татбиқи вазифа ва функсияҳои соҳаи хизмати давлатӣ  Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти давлатӣ маълумоти барои қабули қарор заруриро оид ба масъалаҳои соҳаи фаъолият бо  тартиби муқарраргардида дархост  намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Агентӣ оид ба хизмати давлатиро шарҳ диҳад, дар хусуси тартиби татбиқи хизмати давлатӣ тавсия ва дастурҳои методӣ таҳия ва пешниҳод намояд, нашри иттилоотро ба роҳ монад;
- барои таҳияи масъалаҳои соҳаи фаъолият намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳо, ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил намояд.

3. Ташкили фаъолият

10. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунии Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
11. Ба Агентӣ директор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
Директори Агентӣ муовинон, аз ҷумла як муовини якум  дорад, ки бопешниҳодиӯ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
12. Директори Агентӣ:
- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро анҷом дода, барои иҷрои ваколат, вазифа ва функсияҳои Агентӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад;
- дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ  фармоиш (қарор) қабул менамояд;
- низомномаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он, басти вазифаҳоро дар доираи сметаи хароҷоти Агентӣ тасдиқ менамояд.
- дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ дахлдошта иштирок  менамояд;
- масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ ва ҳал намуда, кормандони Агентиро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод  мекунад;
- бо хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони ҳайати хизматрасон ва техникӣ тибқи тартиби муқаррарнамуда шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад, ба онҳо тағйирот медарорад  ва  онҳоро бекор мекунад;
- ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Агентиро даъват менамояд, ба онҳо раисӣ  мекунад ва ба қарорҳои онҳо имзо мегузорад;
- ба комиссияҳои дар Агентӣ таъсисгардида раисӣ мекунад, ба протоколҳои ҷаласаҳои комиссияҳо имзо мегузорад, роҳбарии комиссия ва гурӯҳҳои кориро ба муовинони худ вогузор менамояд;
- хизматчиёни давлатӣ, ҳайати хизматрасон ва техникиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад;
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ менамояд;
-ба хизматчиёни давлатии Агентӣ бо рутбаҳои тахассусӣ медиҳад ва барои додани рутбаи тахассусӣ ба хизматчиёни давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод манзур менамояд;
- аз хизматчиёни давлатӣ, ҳайати хизматрасон ва техникӣ иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, риоя ва иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартҳои шартномаҳои (қарордоди) меҳнатиро талаб менамояд;
- бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ гузаронидани санҷиши хизматӣ таъин мекунад ва дар мавриди ҷой доштани асос хизматчиёни давлатиро ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ мекашад;
- дар мавриди роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ ҳайати хизматрасон ва кормандони техникиро ба ҷавобгарии интизомӣ мекашад;
- санҷиши мақомоти давлатиро оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ташкил мекунад;
- барои бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод ирсол  менамояд;
- Агентиро дар муносибат ба дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо  намояндагӣ  мекунад;
- доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии фаъолияти Агентӣ ба мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» масъалаҳои вобаста ба адои  хизмати давлатиро ҳал менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро барои ишғоли мансабҳои муовинони директори Агентӣ пешниҳод менамояд;
- салоҳият ва ӯҳдадориҳои мансабии кормандони Агентиро муайян мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Агентӣ гузориш медиҳад;
- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати мушовараи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва машваратҳои назди раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои хизмати давлатӣ иштирок  мекунад;
- ваколатҳои муовинони худро муқаррар менамояд;
- идоракунии фонди музди меҳнати Агентиро амалӣ менамояд;
- мутобиқи қонунгузорӣ гуфтушунид анҷом медиҳад, ба шартномаҳои байналмилалӣ, протоколҳои ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ имзо мекунад;
- назорати дохилиро дар Агентӣ ташкил ва таъмин менамояд;
- дигар ваколату вазифа ва ҳуқуқҳоеро амалӣ менамояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.
13. Муовинони Директор бевосита ба Директор тобеъ буда, фаъолияти Агентиро дар доираи уҳдадорӣ ва ваколатҳои вогузорнамудаи Директор анҷом медиҳанд.
14. Дар ҳолати набудани Директори Агентӣ вазифаҳои ӯро муовини  якум, ё бо супориши Директор муовини ӯ иҷро менамояд.
15. Дар Агентӣ таҳти роҳбарии Директори Агентӣ ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони Директори Агентӣ, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа) ва кормандони ҳайати роҳбарикунандаи  Агентӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
16. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ ташкили иҷрои вазифаҳои асосии  Агентиро муҳокима менамояд.
17. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда, бо фармоишҳои директори Агентӣ дар амал татбиқ карда мешаванд.
18. Барои таъмини фаъолияти Агентӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои он дастгоҳи марказии Агентӣ (минбаъд –дастгоҳи марказӣ) таъсис дода мешавад.
19. Дастгоҳи марказӣ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои таъмини фаъолияти Агентиро амалӣ менамояд.
20. Дастгоҳи марказӣ аз роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ ва кормандон иборат мебошад. 
21. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории зертобеи Агентӣ вобаста ба ваколат, вазифа, функсия ва шумораи ниҳоии кормандон дар шакли шӯъба ва бахш ташкил карда мешаванд.
22.  Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои дар Нақшаи идоракунии Агентӣ пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад. 
23. Самтҳои дақиқи ҳисоботдиҳии  Агентӣ:
а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба нишондиҳандаҳои асосии  самтҳои фаъолияти Агентӣ ҳисоботи солона пешниҳод менамояд;
- ҳар сол дар моҳи январ аз натиҷаи санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ, оид ба ҳолати риояи қонунгузории хизмати давлатӣ ва натиҷаи аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузориши солона манзур менамояд;
- дар моҳи феврал оид ба ҳолати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳисоботи солона пешниҳод мекунад;
- на дертар аз 1 марти соли ҷорӣ оид ба натиҷаи ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатии маъмурии ҳайати роҳбарикунанда дар соли сипаришуда маълумотнома пешниҳод менамояд.
б) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ:
- дар мӯҳлатҳои муқарраргардида оид ба таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, ҳуҷҷатҳои назоратӣ маълумотнома пешниҳод менамояд;
в) соле ду маротиба (20 июли соли хисоботӣ ва 20 январи соли оянда) ба мақомоти омор ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.
24. Дар Агентӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди назорати дохилӣ таъсис дода мешавад.

6. Муқаррароти хотимавӣ

25. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
26. Агентӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидори, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба хизмати давлатӣ таъсири манфӣ расонад.
27. Номи пурраи Агентӣ: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
28. Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Саид Носир, 33.
29. Дар сурати қатъ шудани фаъолияти Агентӣ масъалаҳои супурдан, нигоҳ доштан ва истифодаи минбаъдаи ҳуҷҷатҳои он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Феврал 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 25 26 27 28  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон