Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири шуъбаи шуъбаи ташкилию иттилоотии Дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кенҷазода Мирзо Анвар

аз 17 июли соли 2024 дар мансаби сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Солҳои 2000 – 2005 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006 – 2009 Барномасози ҶСК «Дошманд»-и ноҳияи Файзобод

Соли 2011 (04-12) Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2011 – 2013 Мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013 – 2014 Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши таҳияи махзани маълумот ва тестии Раёсати хизмати давлатӣ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2014 – 2020 Мудири бахши махзани маълумот ва тестии Агентии хизмати давлатӣ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2020 – 2021 Муовини сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатӣ , шаҳри Душанбе

Солҳои 2021-2022 Муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2022 – 2024 Муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин