Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2025 муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Абдуллозода Фирдавс Асатулло

21 майи соли 1979 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Солҳои 2002-2005 — Ҳуқуқшиноси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шофӣ», шаҳри Ҳисор

Солҳои 2005-2008 — Сармутахассиси Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2011 — Мудири бахши таъмини экспертизаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқии шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.-10. соли 2011 — Муовини мудири Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2014 — Мудири бахши таҳияи лоиҳаи қонунҳои Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cолҳои 2014- 2025 — Мудири бахши Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин